Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Марги ду сарбоз дар паи тирпарронӣ дар дидбонгоҳи сарҳадӣ

$
0
0

Шаби 6 ба 7 декабр бар асари як тирпарронӣ дар дохили дидбонгоҳи сарҳадӣ дар шаҳраки Гулистони ҷамоати Кӯлканди Исфара дар наздикии марз бо Қирғизистон ду сарбози қӯшунҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кушта шуданд. Мақомот дар бораи ин ҳодиса то ҳол изҳори назар накардаанд. 

Тибқи иттилои Ахбор, тирпарронӣ дар ҷараёни муноқишаи ду марзбони тоҷик сурат гирифтааст. Яке аз онҳо ҳангоми муноқиша сахт асабонӣ шуда, аз автомати Калашников ҳамхидматашро паррондааст. Ин сарбоз баъди он ки оқибати корашро мебинад, аз тарс худро низ мепарронад. Сабаби муноқиша ва тафсилоти дигари ин тирпарронӣ рӯшан нест. Дар бораи ному насаби ин ду сарбоз дар хабар чизе гуфта нашудааст. 

Шаҳраки Гулистони ҷамоати Кӯлканд дар тақрибан 10-километрии шарқи шаҳри Исфара ҷойгир шуда, бо деҳаи Қизил-Бели ноҳияи Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз мебошад. Яке аз гузаргоҳҳои асосӣ дар ин қисмати марзи Тоҷикистону Қирғизистон – гузаргоҳи Қизил-Бел – Гулистон дар паҳлуи ҳамин шаҳрак ҷойгир шудааст.

Ба фарқ аз қисматҳои дигари марзи Исфараву Бодканд (Чоркӯҳ, Ворух, Хоҷаи Аъло) марзи Гулистон бо Қизил-Бел аз қисматҳои нисбатан ороми марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мерафт.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>