Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Русия ва Украина бар сари оташбас ва табодули асирон ба тавофуқ расиданд

$
0
0

Владимир Путин ва Владимир Зеленский раҳбарони Русия ва Украина бо миёнҷигарии Ангело Маркел ва Эммануел Макрон бар сари буҳрони Украина ба тавофуқ расиданд. Нишасти раҳбарони чаҳор кишвар дар Париж ба бунбасти сиёсии ҳоким бар буҳрони Украина хотима дод. 

Нишасти раҳбарони чаҳор кишвар Русия, Украина, Олмон ва Фаронса дар Париж ба поён расид; Нишасте, ки муҳимтарин дастоварди он поён додан ба сукун ва бунбасти ҳоким бар буҳрони Украина буд. Ангело Маркел, садри аъзами Олмон аз натоиҷи нишасти раҳбарони чаҳор кишвар ёд шуда дар Париж ибрози ризоят кард. Ин дар ҳоле аст, ки ба бовари Эммануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса то ҳали буҳрони Украина ҳанӯз роҳи душворе дар пеш аст. 

Хабаргузориҳои байналмилалӣ дар нахустин соат бомдоди рӯзи сешанбе 10 декабр хабар аз тавофуқ байни Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва ҳамтои украинии ӯ, Владимир Зеленский доданд. 

Бар асоси натоиҷи ҳосила дар нишасти Париж, раҳбарони ду кишвар бар сари барқарории оташбас то поёни соли ҷории мелодӣ ба тавофуқ расиданд. Афзун бар он, раҳбарони ду кишвар Русия ва Украина дар бораи табодули асирон ва хурӯҷи бахше аз нерӯҳои низомӣ мувофиқат карданд. 

Ба ин тартиб, ҳамоиши олии раҳбарони чаҳор кишвар роҳро барои раванди сулҳ дар муноқишаи Украина ҳамвор сохта ва музокироти сулҳро аз ин бунбаст хориҷ кардааст. 

Неруҳои ҷудоиталаби ҳаводори Русия манотиқе аз шарқи Украинаро таҳти контрол худ доранд. Дар нишасти Париж раҳбарони Русия ва Украина бо миёнҷигарии Фаронса ва Олмон тавофуқ карданд, ки то моҳи марти соли 2020 бар сари гомҳои дигаре дар ростои таниш задои дар буҳрони Украина ба тавофуқ бирасанд. 

Ҳамчунин қарор шудааст, ки дар манотиқи таҳти контроли нерӯҳои тарафдори Русия дар шарқи Украина низ интихоботи маҳаллӣ баргузор шавад. Таърихи дақиқи баргузории ин интихобот ҳанӯз эълом нашудааст. 

Роҳе ҳамчунон душвор 

Ангело Маркел, садри аъзами Олмон пас аз нишасти Париж ба хабарнигорон гуфт, ки дар ин ҳамоиш “иродаи мусбате барои ҳали масоили буғранҷ мушоҳида шудааст.” 

Садри аъзами Олмон нисбат ба натоиҷи ҳосила аз нишасти Париж барои ҳали буҳрони Украина иброз ризоят кард. Ин дар ҳоле аст, ки Эммануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса мӯътақид аст, ки бар сари роҳи баргузории интихоботи маҳаллӣ дар манотиқи таҳти контроли нерӯҳои тарафдори Русия дар шарқи Украина ҳанӯз мавонеъ бисёре вуҷуд дорад. 

Макрон дар бораи нишасти Париж гуфт, ки ширкаткунандагон дар ин ҳамоиш ба душвориҳои мавҷуд бар сари ҳали буҳрони Украина огоҳ ҳастанд. 

Раисҷумҳури Фаронса таъкид кард, ки интизори мӯъҷиза аз роҳи ҳал ва тавофуқи ба даст омада набояд шуд. Ба бовари ӯ, аммо ин нишаст гоме дар ростои ҳали буҳрони Украина будааст. 

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина аз ҷумла ба ин нукта ишора кардааст, ки интизори қоил шудани ҳаққи худмухторӣ барои манотиқи шарқи Украина интизории воқеӣ нест ва Украина ба лиҳози сохтори сиёсӣ наметавонд ба шакл федератив идора шавад. 

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки аз замони шурӯъ ҷанги Украина дар соли 2014 то кунун ҳудуди 13 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд. Аз ин манзар, нишасти Париж нуқтаи атфе дар талошҳои байналмилалӣ барои истиқрори сулҳ дар ин минтақа талаққӣ мешавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>