Ҳазорҳо нафар муҳоҷир намедонанд маблағҳояшнро чӣ гуна ирсол кунанд ва ҳазорҳои дигар дар кишвар наметавонанд маблағҳои ирсолшударо дарёфт кунанд. “Маркази протсессингии” домоди Эмомалӣ Раҳмон – Ҷамолиддин Нуралиев системаеро, ки солҳо бе мушкил кор мекард баҳам зад ва маълум нест кай буҳрон дар ин соҳа рафъ мешавад.
Бо вуҷуди таъкидҳои зиёди Бонки миллӣ ва шахси Ҷамолиддин Нуралиев, то ҳанӯз системаи нави Бонки миллӣ натавониста фаъаолияташро пурра ба роҳ монад ва ҳазорон муҳоҷири кориву хонаводаҳояшонро саргардон кардааст. Шабакаи Юнистрим ҳам, чӣ гунае, ки коршиносон қаблан огоҳ карда буданд, натавониста ҷои “Золотая Корона”-ро, ки 82 дарсади интиқолҳоро анҷом медод бигирад. Баръакс дар кори ин шабака ҳам садамаи техникӣ рух дода, ҳоло ё аслан наметавонад маблағи муҳоҷиронро интиқол диҳад ё дар пардохти маблағҳои интиқолшуда мушкилҳо пеш меоянд.
Дирӯз ҳазорон нафар пайвандони муҳоҷирон дар кишвар соатҳо дар бонкҳо мунтазир буданд, то тавонанд маблағҳои ба номашон ирсолшударо дарёфт кунанд. На кормандони бонк медонистанд чӣ гуна бо системаи нав кор кунанд, на худи шабакаҳои интиқол – Юнистриму Контакт дуруст кор мекарданд.
Абдушукур, як сокини Душанбе ба Паём навиштааст, ки барои гирифтани 3 ҳазор рубл маблағи ирсолкардаи бародараш 4 соат дар бонк навбат истод, аммо вақте навбаташ расид, рамзе, ки бародараш фиристода буд, чизе нишон надод. “Хазинадори бонк гуфт рамз нодуруст аст. Аммо бародарам акси расидро фиристода буд, ва нодуруст буданаш имкон надошт. Танҳо баъди 5 ё 6 маротиба ба система ворид кардани рамз, интиқол пайдо шуд”.
Ӯ мегӯяд чандин нафар то расидани навбати ӯ аз назди хазинадор ноумед ба хонаҳояшон баргаштанд.
Диловар Шамсуллоев, як муҳоҷири корӣ, ки дар Уфаи Русия зиндагӣ дорад, ба Паём гуфт, “мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд маблағҳоро бо Юнистрим фиристем, аммо ба чанд нуқтаи ин шабака, ки сар задам, маблағамро қабул накарданд. Таввассути Контакт фиристодам, аммо ба ҳамсарам гуфтаанд, ки ҳанӯз нарасидааст. Ҳарчанд аз фиристоданам 20 соат гузашт.”
Рӯзноманигори тоҷик Иршод Сулаймонӣ низ кор накрадани шабакаи Юнистримро тасдиқ кардааст. Ӯ дар саҳифаи фейсбукии худ менависад “Юнистрим ҳам кор намекардааст. Ду се рӯз пеш чанде аз ҳамкасбони мо, шеваи нави интиқоли пул ба кишвар ва ташкили Маркази нави Бонки миллиро ба таъбири худашон “шарҳу тафсир” мекарданд, ва мегуфтанд “кори дурусту саривақтист”. Аммо ин мушт ҳамкасбони мо, мушкилоти мардум, гарон шудани ҳаққи комиссия (аз мо 1,6 % комиссия ситониданд) ва саргардониҳоро нодида мегирифтанду обсофкунаке беш набуданд. Ман се рӯз пеш барои кӯдакон аз Бишкек пул равон кардам, бо Юнистрим. Ду рӯз аст дар бонкҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки онро дигарбора аз тариқи Контакт бифиристанд. Юнистрим кор намекунад гуфтаанд. Ё агар кор мекунад, чаро нонпулии мардумро намедиҳанд?”