Муҳаммадҷон Саидови 13 сола, қории Қуръон ва донандаи чанд забон, аз тарафи мақомоти Тоҷикистон ба мактаби кӯдакони душвортарбия супурда шудааст. Тахмин зада мешавад, сабаби ин иқдоми мақомот узви ҲНИТ ва фаъоли сиёсӣ будани падараш Маҳмадзариф Саидов аст.
Дар ин бора худи Маҳмадзариф Саидов имрӯз, 10 декабр, бо нашри як видео дар саҳифааш дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод. Ӯ мегӯяд писари 13-солаашро зоҳиран барои фаъолиятҳои оппозитсионии худи ӯ ҷазо додаанд. Гуфтанист, 10 декабр чун Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Худи Маҳмадзариф Саидов аз соли 2015 берун аз Тоҷикистон қарор дорад ва дар Аврупо паноҳанда шудааст.
Дар ин навор Маҳмадзариф Саидов мегӯяд, писараш солҳои 2013-2014 дар як литсей дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Ваҳдат, ки онҷо забони арабӣ ва “Қуръон”-ро ҳам дарс медоданд, таҳсил мекард. Баъдан фаъолияти ин литсей мамнӯъ шуд Саидов писарашро барои идомаи таҳсил ба як мактаб ба шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш фиристодааст.
Ба гуфтаи ӯ писараш дар Бангладеш чанд забон, аз ҷумла банғолӣ ва арабиро омӯхта, “Қуръон”-ро ҳам пурра ҳифз кардааст. Саидов мегӯяд сабаби ба мактаби кӯдакони душвортарбия супурдани Муҳаммадҷон танҳо ангезаҳои сиёсӣ дошта, ба фаъолиятҳои оппозитсионии худи ӯ рабт дорад.
Ӯ мегӯяд “агар мани мухолиф чӣ хеле ки мегӯед ҷинояткор, террорист ҳастам, кӯдак чӣ гуноҳ дорад, ки ӯро ҷазо медиҳед?”
Ба гуфтаи падараш Муҳаммадҷон Саидов аз соли 2015 то 2019 дар Дакка таҳсил карда, моҳи феврали соли 2019 бо нияти хабаргирии модар ва бобову бибиаш ва иваз кардани шиносномааш, ки муҳлати эътибораш ба поён мерасид, ба Тоҷикистон баргаштааст. Аммо баъди бозгашт мақомоти Тоҷикистон ба Муҳаммадҷон Саидов дигар имкони сафар ба хориҷ барои идомаи таҳсилро надодаанд. Ва моҳи ноябри соли 2019 ӯро ба мактаби кӯдакони душвортарбия дар Душанбе супурдаанд.