Бо фармони Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳри Ҳисор масҷиди навсохт дар маркази шаҳрро мехоҳанд, давлатӣ кунанд ва дар бинои масҷид дафтари идораи нотариуси давлатӣ, хонаи ақди никоҳ ва коргоҳи дузандагӣ боз кунанд.
Дар ин бора як манбаъ аз шаҳри Ҳисор бо шарти ифшо нашудани номаш ба Паём хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ ин масҷид ба номи Эмоми Аъзам буда, дар кучаи Ҳилолӣ (пештара Киров) қарор дорад ва аз чаҳор ошëна иборат мебошад.
“То имрӯз мардум аз ҳисоби меҳнати ҳалоли худ ва кумаки баъзе тоҷирони ноҳияи Ҳисор машғули ба охир расонидани сохтмони ин масҷид буданд. Дар ин масчид ғунҷоиши то чаҳор ҳазор нафар намозгузор дар назар гирифта шуда буд”. – мегӯяд манбаъ
Гуфта мешавад, ин масҷиди навро дар шафати бинои масҷиди куҳнаи шаҳр сохта будаанд. Чун масҷиди куҳна аллакай шароити ғунҷоиши намозгузоронро надоштааст. Масҷид дар чорроҳа қарор дошта, аз чор тарафаш роҳи мошингузар воқеъ аст ва аксари вақт, рӯзҳои намози ҷумъа, мардум ба масҷид намеғунҷанд ва то роҳи мошингузар барои намоз саф мекашанд. Бинобар, муасисони масҷид бо кумаки мардум ва тоҷирони ноҳия тасмим гирифтаанд, дар шафати масҷиди куҳна масҷиди ҷадиде бисозанд

Аммо дар арафаи ба итмом расонидани сохтмони масҷиди нав, ҳукумат онро аз худ карданист ва мехоҳад дар ин ҷо ду идораи давлатӣ ва як коргоҳи дузандагӣ боз кунад ва аллакай барои ин фармони раиси шаҳр содир шудааст.
Ин дар ҳолест, яке аз муассисони масҷид ба Паём гуфт, ки тамоми асноди лозимӣ, аз иҷоза барои сохтмони масҷид то ҳуҷҷатҳои масҷид, ҳамаро доранд.

Масҷидбандӣ дар Тоҷикистон даҳ сол аст, ки идома дорад ва ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳар сол мақомот аз бастани садҳо масҷид гузориш медиҳанд, аммо шумори мачҷид дар омори онҳо ҳеҷ гоҳ кам намешавад. Ҳамон “зиёда аз 4000”-е, ки даҳ сол пеш садо медод, то ҳанӯз аз забони мақомот садо медиҳад.
Як таҳқиқоти Паём нишон дод. ки аксари оморҳои ироакардаи мақомот дар бораи масоҷид дурӯғ буда, ҳеҷ як аз омор ба дигараш рост намеояд.
Бастани масҷидҳо ва оморҳои бардурӯғ
Ҳануз санаи 18 майи соли 2011 Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини ҳамон вақт, дар мусоҳибааш бо Радиои озодӣ маълумот дода буд, ки он замон дар Тоҷикистон 3 720 масҷид, 1 донишгоҳи исломӣ, 29 мадрасаи мутавассита, 2 мактаби динӣ-дунявӣ ва як гимназияи исломӣ фаъолият мекунанд.
Дар сояи татбиқи протоколи 32-20, дар соли 2012 садҳо масҷид дар Тоҷикистон баста шуда, аризаи тасдиқи ифтитоҳи фаъолияти садҳо масҷиди нав беҷавоб монданд. Дари чандин мадраса ба рӯи толибилмон баста шуд. Тафтиши масҷидҳо аз ҷониби ниҳодҳои гуногуни мақомот аз ҷумлаи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, андоз, барқ, дезбюро, экология, худидоракунии маҳаллӣ ва ғайра хеле дар авҷ буданд.
Новобаста аз ҳама ин масҷидбандиҳо ва барҳам додани фаъолияти муассисаҳои динӣ, Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар нишасти матбуотияш соли 2013 эълон кард, ки теъдоди масҷидҳо дар кишвар ба 3982 расидааст, ки ин нисбат ба гузориши дар моҳи майи соли 2011 додаи Абдураҳим Холиқов 262 адад масҷид зиёд мебошад. Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди расонаӣ шудани бастани фаъолияти садҳо масҷид ва муассисаҳои диннӣ, дар ин муддат кушодашавии ҳеҷ масҷиде расонаӣ нашудааст.
Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон, санаи 31 июли соли 2015, зимни нишасти хабарияш ба рӯзноманигорон гуфт, ки аз оғози соли равон дар Тоҷикистон 1 ҳазору 32 масҷид баста шуда, биноҳои онҳо барои истифода ба сифати ҷойҳои ҷамъиятӣ ё марказҳои фарҳангу фароғат қарор дода шуданд.
Теъдоди масҷидҳо ва муассисаҳои диниро прокурори генералӣ дар ин нишасти хабарияш 4089 адад эълон кардааст, ки аз ин 72-тоаш иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ ва як ҷамоаи динии ғайри исломӣ мебошанд. Яъне, бино ба маълумоти прокурори генералӣ дар соли 2015 агар теъдоди муассисаҳои динии ғайриисломиро ба назар нагирем, теъдоди масҷидҳо ва муассисаҳои динии исломӣ 4016 адад дониста мешавад. Ин адад аз нишондоди соли 2013, омори ду соли пеши Кумитаи дин, бо вуҷуди он, ки дар худи 6 моҳи аввали ҳамин сол, тибқи омори расмӣ 1032 масҷид баста шудааст, 34 адад зиёд мебошад.
Дар ин миён як сол мегузарад ва соли 2016 фаро мерасад. Дари садҳо масҷиди дигар баста мешавад. Даҳҳо масҷидро бо трактору булдозер дар ин сол ба хок яксон мекунанд. Дар худи вилояти Суғд бино ба омори расмӣ зиёда аз 100 масҷид баста шуд. Дар моҳи январи соли 2016 мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар шаҳри Душанбе, аз ҷумлаи 1500 масҷид 900 адади он баста шудаанд.
Давоми 6 моҳи аввали соли 2016 тибқи гузориши Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ фаъолияти 133 масҷид қатъ шуда буд.
Аммо 13 июли соли 2016 Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ боз ҳам бо ҳамон омори кӯҳна, бо як каме найранги ҷумласозӣ эълон мекунад, ки дар ду соли охир 1032 масҷид баста шуда, боз ҳамон теъдод 4089 адад муассисаҳои динӣ боқӣ мондаанд.
Бино ба даъвои Сулаймон Давлатзода, дар ин нишасти хабарӣ “давоми 6 соли ахир дар кишвар фаъолияти ягон муассисаи динии расмӣ қатъ нагардидааст”. Аммо тибқи маълумотҳои расонаишуда, воқеъият ин аст, ки аз гузориши Абдураҳим Холиқов, ки соли 2011 эълом карда буд, дар Тоҷикистон 1 донишгоҳи исломӣ, 29 мадрасаи мутавассита, 2 мактаби динӣ-дунявӣ ва як гимназияи исломӣ фаъолият мекунанд, дар соли 2016 на танҳо ҳазору ду ҳазор масҷид баста шуданд, балки давоми ин 6 сол 29 мадрасаи мутавассита бидуни истисно фаъолияташон манъ карда шуд. Дари гимназияи исломӣ ва ду мактаби динӣ-дунявӣ низ баста шуда, ба ҷуз як Донишгоҳи исломӣ дар Тоҷикистон ягон муассисаи таълимии динӣ намонд.
Ногуфта намонад, ки дар ҳисобкунаки мақомоти зидахл аломати тарҳ вуҷуд надорад. Ё ин ки ҳисобкунаки мақомот тарҳ кардани рақами бисёрро хуш надорад. Зимни нишасти матбуотӣ моҳи октябри соли 2017, масъулини Кумитаи дин ба хабарнигорон иттилоъ доданд, ки дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ, 3542 масҷиди панҷвақта, 69 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмуъ 3989 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст ва ҳамаи онҳо муътадил, тибқи талаботи қонун эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда истодаанд. Дар ин гузориш ҳарчанд аз ифтитоҳ, кушодашавӣ ва ё ба истифода додани ягон адад масҷиди наве маълумоте нест, бо вуҷуди баста шудани зиёда аз 1000 масҷид, адади муассисаҳои динӣ нисбати соли гузаштаи 2016 танҳо 100 адад кам шудааст.
Дар соли 2018 Кумитаи дин эълом кард, ки дар кишвар 1707 масҷиди ғайриқонунӣ баста шуда, 231 масҷиди дигар дар ҳоли “коркард” қарор доранд. Яъне инҳо низ ба наздикӣ баста хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи намояндаи ин кумита Ҳусейн Шокиров, 1707 биное, ки ғайритаъйинотӣ ҳамчун масҷид истифода мешуданд, “ба таъйиноташон баргардонда шуд” ҳоло ба чойхона, қасри фарҳанг, кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ ва коргоҳу дигар муасиссаҳои иҷтимоӣ табдил дода шудаанд.
Дар нишасти хабарии Кумитаи дин, санаи 5 феврали 2018 гузориш шуд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 3906 иттиҳодияи динии исломӣ ва 67 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ, дар маҷмӯъ 3973 иттиҳодияи динӣ фаъолият мекунанд.
“Дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ, 3528 масҷиди панҷвақта, 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмуъ 3973 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст ва ҳамаи онҳо мӯътадил тибқи талаботи қонун эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда истодаанд”.- омадааст дар гузориши нишасти матбуотии Кумитаи дин.
Аммо дар бораи ифтитоҳ ё кушодашавии ягон масҷиди нав дар имсол низ маълумоте дода нашудааст. Бо вуҷуди бастани 1707 масҷид дар ин сол, танҳо 14 адад масҷид нисбат ба соли гузашта кам нишон дода шудааст.
Даъвои Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, ки гуфта буд, дар кишвар танҳо масҷидҳое баста шудаанд, ки фаъолияташон ғайрирасмӣ буд, мисоле, ки дар зер меорем, ботил месозад. Сомонаи хабарии akhbor.com иттилоъ дод, ки шоми 19 феврали 2018 имомҳои 10 масҷиди панҷвақта дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ба намозгузорон хабар додаанд, ки бо дархости мақомот бояд ин масҷидҳо баста шаванд. Аз масъулони ин масоҷид хостаанд, ки дар бораи худбарҳамдиҳӣ протокол ва ариза тартиб диҳанд ва аз 20 феврал ба фаъолияти худ нуқта гузоранд.
Агар ин 10 масҷид дар шимоли кишвар расмӣ ва ба қайд гирифта нашуда бошанд, пас протоколи худбарҳамдиҳӣ чӣ зарурият дорад? Ариза ва протоколи худбарҳамдиҳӣ барои масҷиде, ки ба расмият шинохта нашудааст, чигуна тартиб дода мешавад? Чигуна онҳо худро барҳам медиҳанд, дар ҳоле, ки шӯрои муассисон расмӣ набуд?
Як мисоли дигар, агар фаразан Кумитаи дин танҳо фаъолияти масҷидҳои ғайрирасмиро барҳам додааст, чаро дар гузориши соли 2017 нисбат ба соли 2016 теъдоди масҷидҳои расмӣ 100 адад кам шудааст? Ё худ дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 теъдоди масҷидҳои расмӣ 14 адад кам шудааст. Чигуна ин масҷидҳоеро, ки як соли пеш ба расмият мешинохтед, ғайрирасмияш кардед ва аз теъдоди умумии масҷидҳои расмӣ берунашон намудед? Даҳҳо чунин мисолҳоро овардан мумкин аст, ки дурӯғҳои шохдори мақомотро фош мекунад ва месазад гуфт, ки даъвои Сулаймон Давлатзода, ки мегӯяд мо ягон масҷиди расмиро набастаем, дурӯғ, найранг, фиреб ва хок пошидан бар чашми миллат аст.
Хонандаи азиз, аз рӯи худи ҳисоботи аз соли 2011 ба баъд додаи мақомот, ки дар боло оварда шуд, воқеъиятро мустақилона пайгирӣ кунед, то муайян шавад, ки айни ҳол дар ҳақиқат чанд масҷид дар кишвар боқӣ мондааст? Бино ба маълумоти таъйидшуда, айни ҳол дар кишвар теъдоди масоҷид дар Тоҷикистон аз ду ҳазор убур намекунад.