Оиди аҷри кафолати ятим ва роҳҳои парастории онҳо пештар гуфта будем. Ёдовар мешавем, парастории ятим он қадар аҷри бузург дорад, ки соҳибашро ба дараҷаи Паёмбарон наздик месозад ва албатта ҳар амале, ки подоши зиёд дорад, машаққати зиёд металабад.
Хонаводае, ки ятимеро ба пуррагӣ ба кафолати худ мегирад ва ӯро ба хона оварда, ҳамчун яке аз фарзандонашон тарбия мекунад, бешак дучори баъзе мушкилиҳо мегардад. Мушкилиҳое, ки гоҳе аз ҷиҳати динӣ, гоҳе аз ҷиҳати иҷтимоиву оилавӣ рӯ ба рӯст.
Насаб
Яке аз ҷонибҳои хеле ҳассос дар шариат, ҷониби насаб мебошад.
Ҳар як шахси мусалмон бояд насабаш ба падари ҳақиқии худ мансуб бошад. Падари худро гузошта бо номи шахси дигар насаб гирифтан, гуноҳи кабира мебошад. Ҳар шахсе, ки падари худро шиносаду аммо падарам нагӯяд, баръакс дидаву дониста шахси дигареро ин падари ман гуфт, муртакиби гуноҳи кабира мегардад.
Дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим омадааст, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
ليس من رجل ادعى لغير ابيه و هو يعلمه الا كفر و من ادعى قوما ليس له فيهم نسب فليتبوأ مقعده من النار
Марде, ки шахси дигареро падари худ мехонад, дар ҳоле,ки медонад ӯ падараш нест, ба ҷуз куфр муртакиби чизи дигаре намегардад ва ҳар шахсе, ки худро ба қабилае нисбат медиҳад, дар ҳоле, ки аз аҳли он қабила нест, пас бо ин амалаш дар Дӯзах макони худро пайдо мекунад.
Паёмбар дар ин ҳадис ду амалро гуноҳи бузург, ҳатто куфр ва сабаби дохил шудани Дӯзах хабар доданд.
Яке ба ғайри падари худ шахси дигаре падар хонад, дар ҳоле, ки медонед ӯ падари шумо нест.
Дувумин худро аз аҳли қабилаи муайяне ва ё миллати муайяне хонад, дар ҳоле, ки шумо аз аҳли он миллат ва ё қабила нестед.
Зеро ин ду амал ҳам дурӯғи маҳз аст ва ҳам насаби худро гум карданд, дар натиҷа насаби фарзандону балки авлодро бармало кардан мебошад.
Дар шариати мо кӯдекеро ба парастори гирифта ба пурраги насаби ӯро ба насаби худ гузароидан ҳаром мебошад. Бояд ҳар як кӯдак ба падари зодаи худ баргардад.
Пеш аз омадани Паёмбар дар арабҳо фарзандхондагӣ вуҷуд дошт. Арабҳои Макка кӯдакеро ба парастори мегирифтанд ва ӯро фарзанди худ эълон мекарданд.
Зайд ибни Ҳориса саҳобии ҷалил дар кӯдаки ба асорат меафтанд ва Хадиҷа модарамон эшонро харида, ба ҳамсари худ Паёмбар медиҳанд. Паёмбар Зайдро озод мекунанд ва фарзандхонди худ эълон мекунанд. Пас аз фарзандхонд эълон кардани Паёмбар Зайдро ҳама Зайд писари Муҳаммад гӯён садо мекарду мешинохт. То ин ки Паёмбар аз тарафи Аллоҳ мабъус гардиданд. Пас аз ҳиҷрат Аллоҳ оятҳои сураи Аҳзобро нозил мекунад.
Оятҳое, ки
و ما جعل ادعياءكم ابناءكم
Аллоҳ фарзандхондҳои шуморо, фарзанди зодаи шумо нагардонидааст.
أدعوهم لابائهم هو اقسط عند الله فان لم تعلموا اباءهم فاخوانكم في الدين و موالكم
Фарзандхондаҳоятонро ба падари аслиашон нисбат диҳед, агар падари аслиашонро намешиносед, пас бародар ва ё мавло гӯён, садо кунед.
Пас аз нозил шудани ин оятҳо Зайд писари Муҳаммад неву Зайд мавлои Муҳаммад гӯён садо мекарданд.
Ба иттифоқи уламо номи худро иваз кардан, ҷоиз мебошад, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо, агар ном дорои калимаҳои ширкӣ мисли Абдушамсу Абдуррасул бошад воҷиб аст, иваз кунад.
Инчунин, ҳар нафаре, ки номаш яке аз номҳои душманони дин мисли Фиръавн, Зардушт ва ё амсоли инҳост, бояд номи худро тағйир диҳад.
Аммо тағйири номи падар, насаби худро дигар кардан, асло ҷоиз нест.
Албатта шароити имрӯза аз шароити замони Паёмбар фарқ мекунад. Барои онон ҳеҷ як ҳуҷҷату исботи шахсият вуҷуд надошт, алъон ҳуҷҷат ба ҳар як шахс мисли обу ҳаво зарур мебошад.
Барои ҳамин ҳар як шахсе, ки ятимеро ба кафолаташ мегирад, бояд ному насаби худро ҳуҷҷатан ба худаш гузаронад. Дар ин ҳолат, агар ҳеҷ як роҳе ба ҷуз тағйир додани номи падари аслии кӯдак вуҷуд надошта бошад, ҳамчун зарурат номи падарро тағйир медиҳанд. Албатта ин тағйирот танҳо тағйироти ҳуҷҷатист, аммо дар асл кӯдак бояд бо номи падари аслии худ шинохта шавад.
Ногуфта намонад, ки марди дигаре падар гуён садо кардан дар шариат дар он сурат ҳаром мебошад, ки шумо он мардро падари худ донед ва падари худро падар нашуморед. Аммо вақте чӣ кӯчак чӣ бузург медонад, ки ин шахс падари ӯ нест, вале ҳамчун эҳтиром ӯро падар мехонад, дар ин ҳолат ӯ гунаҳгор намешавад.
Зеро дар Муснади Аҳмад ва китобҳои дигари ҳадис омадааст, ки Ибни Аббос мегӯянд: Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ман ва чанд нафар аз хешовандонамро падарам гӯён, сухан карда буданд.
Албатта падам гуфтани паёмбар ҳамчун меҳрубони буд.
Одатан кӯдаконе, ки пас аз падару модарашон аз ҳам ҷудо шудан, модари онҳо ба шавҳар мебароянд, шавҳари модари худро падар фарёд мекунанд, кӯдакҳои ятиме, ки дар оилаҳои дигар бузург мешаванд, сарпарасти худро падар садо мекунанд, баъзе арӯсон хусури худ, падаршавҳари худро падар садо мекунанд, ҳамаи инҳо албатта, агар ҳамчун эҳтиром бошад, ҷоиз мебошад.
Чизе, ки ҳарому ноҷоиз аст, ин баръало падари зодаи худро падар нагуфтану шахси дигарро падар шуморидан мебошад.
Баъзе хоҳарон, пас аз талоқ гирифтан аз шавҳар то тавон кӯшиш мекунанд, кӯдак дубора падарашро падар садо накунад, ҳатто ӯро набинад, ба даҳон ҳам нагирад, албатта ин гуноҳи бузург аст ва роҳи ба гуноҳи кабира гирифтор кардани фарзанд мебошад. Борҳо шунидаам, ки баъзе хоҳарон фалони падари ман нест, ман ӯро падар намешуморам гӯён, падари зодаи худро инкор мекунанд. Оре, шояд падари ту дар ҳаққи ту зулм кард, туро партофту аз паи зиндагии дигар, зану фарзандони дигар шуд, аммо ҳар кӣ ҳасту ҳар чӣ ҳам бошад, хуни он падар дар вуҷуди ту давр мезанад, маҳз ҳамон мард сабаби ба дунё омадани ту аст. Парвардигор моро амр мекунад ба падару модари худ меҳрубони кунем, ҳар кӣ бошанд ҳам ҳар чӣ анҷом дода бошанд ҳам, ҳаққи онҳоро ба ҷой оварем. Парвардигор амр мекунад, падари зодаи худро падар гӯён садо кунем, падари фалони гӯён шинохта шавем. Барои хатогиҳои падар, ӯро аз насаби худ дур накунед, ин амал ғазаби Аллоҳро меоварад, хилофи гуфтаи Аллоҳ мебошад.
Маҳрамият
Мушкилии дигаре, ки оилаи сарпараст, пас аз гирифтани ятим дучор мегарданд, ин масъалаи маҳрамият мебошад. Кӯдаки ятим, пас аз бузург гаштан, ба оила номаҳрам ҳисобида мешавад. Албатта роҳи ҳалли ин ширхорагӣ мебошад. Барои аз шубҳаҳо дур шудан, кӯдаки ҳанӯз ду сола нашударо ба фарзандӣ мегирем ва ба ӯ модар ва ё хешовандони наздики онҳо шир медиҳад, бо ҳамин масъалаи номаҳрамӣ аз байн меравад. Аз тарафи дигар падари ширхорагиро падар садо кардан ҷоиз аст ва ҳеҷ мушкилие эҷод намекунад.
Ба кӯдак дар чандсолагӣ ва чӣ гуна оиди падари аслиаш хабар додан ва масъалаҳои дигари оилавӣ иншааллоҳ дар барномаҳои оянда гуфтугӯ хоҳем кард.
Муслимаи Аҳмадӣ