Ҳукумати Русия ба миқдори тақрибан 105 ҳазор даъватнома барои воридшавӣ ва иҷозатномаи кор ба муҳоҷирони меҳнатӣ тасдиқ намудаст ва тасмим гирифтаст, ки дар соли оянда барои кор ҷалб намояд
Бояд гуфт, ки имсол квота барои муҳоҷирони корӣ дар Русия нисбати соли гузашта наздики 27 дарсад коҳиш ёфтаст.
Соли 2019 квота барои 144,5 ҳазор муҳоҷир ҷудо гардида буд, ки нисбати як соли қаблӣ ҳудуди 20 дарсад камтар квота ихтисос дода шуд.
Ҳамзамон соли 2020 низ миқдори квотаҳо барои муҳоҷирон коҳиш ёфта, нисбати соли равон наздики 27 фисад кам карда шуд.
Зимнан, бояд зикр намуд, ки соли равон ба хотири дарёфти кор ба қаламави Русия расман ҳудуди 2,4 миллион нафар атбои хориҷӣ вуруд шудааст.
Аз ҳама беш шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба хотири муҳоҷират ба русия омадаанд.