Беш аз як моҳ мешавад, ки се шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон бедарак ҳастанд. Инҳо – ҷавонони 24-сола аз Душанбеву Кӯлоб ва Муъминободанд. Ба қавли бархе аз афроди наздик ба онҳо, аз манзили иҷораашон дар шаҳри Бишкек рӯзи 5 ё 8-уми ноябри имсол нопадид шудаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек аз мақомоти тафтишотии Қирғизистон хостааст, барои пайдо кардани се шаҳрванди кишвар мусоидат кунанд. Дар Додситонии кулли Қирғизистон мегӯянд, бар асоси ин муроҷиат ба таҳқиқи ҳодиса оғоз карданд.
Ойаҳмадов Хисрав Муродалиевич зодаи Кӯлоб, Муродов Фирӯз Раҷабович аз Муъминобод, ҷамоати деҳоти Баланд, деҳаи Тутқавул ва Ҷангиев Наврӯз Фарҳодович сокини шаҳри Душанбе соли таваллуди ҳарсеяшон 1995 аз 8-уми ноябр ба ин сӯ беному нишон ҳастанд. Ба иттилои наздикон, ин ҷавонҳо дар Қирғизистон бо корҳои гуногун – яке атрфурӯшӣ, дигаре пухтани сихкабоб ва сеюмӣ ба кори сохтмон машғул будаанд.
Дар ин бора Абдураҳим Ниёзов ном як ҷавони Суғдӣ, ки дар Бишкек зиндагӣ доштааст, ба Радиои Озодӣ хабар дода гуфтааст, аз суҳбатҳои қаблӣ бо ин ҷавонҳо донистааст, ки оғози имсол бо фирор аз “облава” ба Бишкек барои кору зиндагии муваққатӣ омаданд. Ба қавли ӯ, хонаеро дар шаҳри Бишкек иҷора гирифта, ҳамроҳ зиндагӣ мекарданд ва аз ҳамин хонаи воқеъ дар кӯчаи Молодая Гвардия аз ҷониби афроди ношинос, “эҳтимол ходимони ҳифзи қонун” боздошт ва ба ҷойи номаълум бурда шуданд.
Рисбой Содиқов, мутахассиси аршади шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Додситонии кулли Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, дар ҳолати бедарак шудани онҳо бояд сохторҳои ҳифзи қонун сари вақт огоҳонида мешуданд, то ҷараёни санҷиши ин ҳодиса пештар ба роҳ монда мешуд. Ба гуфтаи Содиқов, ҳодисаҳои монанди ин бесобиқа аст ва ба ҳамин хотир, сохторҳои ҳифзи қонун талош мекунанд, тамоми ҷузъиёти ҳодисаро мушаххас кунанд.
Феълан парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст ва ҳеч хабар дар заминаи инки ин афрод аз ҷониби сохторҳои интизомӣ боздошт шуда бошанд, вуҷуд надорад.