Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Занони зери султаи ДОИШ: Шиканҷагарон

$
0
0

ДОИШ хашинтарин гурӯҳе аз гурӯҳҳои террористӣ унвон шудааст, ки ба қавли марҳум Ваҳид Мужда, коршиноси фақиди афғон, амалҳои ин гурӯҳ ба унвони рамзе аз ваҳшату хушунат дар таърихи ислом собиқа надоштааст. Гузашта аз ин ин гурӯҳ тавонист нерӯҳоеро аз кишварҳои ҷаҳон истихдом кунад ва ҳамин тариқ базри ифротро дар афкори афроде аз ҷавомеи мухталиф бикорад, ки бад-ин васила доманаи ваҳдашату даҳшаташ густардатар ҷилва ёбад. Аммо бо вуҷуди ин ҳама гурӯҳи мазкур баъди чаҳор соли бедодӣ дар Ховари Миёна шикаст хурд, ки дар ин зимн роҳи расонаҳоро дар таҳқиқи ҳақоиқи фаъолиятҳои ин гурӯҳ боз шуд. 

Бо истифода аз ин фурсат “Алҷазира” дар як матлаби панҷқисматӣ нақли занҳо, шоҳидони фаъолиятҳои ДОИШ-ро дар Ховари Миёна мунташир кард ва ба назари инҷониб, барои хонандаи тоҷик ҳам наметавонад бидуни аҳамият бошад. Бинобар ин тасмим гирифтем, ҳар қисмате ин матлабро тарҷума кунем. Дар ин матлаби панҷқисматӣ занони таҳти контроли ДОИШ дар Сурия ва Ироқ аз ҳаёту фаъолияти худ дар замони султаи ДОИШ дар қисмате аз ин кишварҳо нақл кардаанд. Инак, қисмати аввал пешниҳод мешавад.

Ҳикояти Оиша аз Раққа, Сурия: Шиканҷаи мардум кори мо буд

Исми ман Оиша аст. Ман дар Раққа зиндагӣ мекардам ва дар ДОИШ маро Умми Қаъқаа мегуфтанд.  Шавҳари ман шаҳид шуд ва пул надоштам, бинобар ин ба ДОИШ рафтам, то вазъамро ба нерӯҳои он шарҳ диҳам. Илоҷи дигаре ҷуз кор кардан бо онҳо надоштам. Мадорикамро барои пайвастан ба ДОИШ омода кардам, аммо онҳо гуфтанд, пеш аз ҳама ман ба омӯзиши қонуни шариат ниёз дорам. Дар зимни омӯзиш моро тиловати Қуръон омӯзоданд. Он ҷо тақрибан 30-40 зан буд. Масҷид лабрез аз кормӯз буд. Дар он ҷо бояд зиёд тиловат мекардӣ ва то замони гузаштан аз имтиҳон тиловат идома меёфт. Ман пас аз се моҳи тиловат тавонистам, ки ин имтиҳонро гузарам.

Баъзе аз занҳо савод надоштанд. Онҳо намедонистанд, ки чӣ гуна бояд навишт ва чӣ гуна бояд хонд. Онҳоро дарра мезаданд, то маҷбур ба омӯзишашон кунанд. Баъзе аз онҳо муваффақ ба омӯзиш намешуданд, бинобар ин онҳоро дар зиндон нигоҳ медоштанд.

Рӯзе ду марде аз нерӯҳои ДОИШ ба манзили ман омаданд ва гуфтанд: “Фардо ту корро шурӯъ мекунӣ”. Чун мо сабти ном шудем, моро мусаллаҳ карданд. Воҳиде, ки ман роҳбарӣ мекардам, 10 занро шомил мешуд. Се нафари онҳо ба кор дар минибус ихтисос ёфтанд ва ҳафтои дигар дар шиканҷахонаи қароргоҳ боқӣ монданд.

Онҳо (нерӯҳои ДОИШ) занони қадбаланд, бузургҷусса ва боубуҳатро барои тарс додани мардум интихоб мекарданд. Онҳо бераҳмтарин занро интихоб мекарданд, занеро интихоб мекарданд, ки ба касе раҳм накунад.

Агар зане бидуни ҳамроҳ ба кӯча мебаромад, зиндонӣ мешуд. Бинобар ин занро бояд ҳамсар ё бародараш ҳамроҳӣ мекард. Агар зан бидуни ин афрод қадам мезад, ё таксӣ киро мекард, зиндонӣ мешуд.

Мо муваззаф ба гаштзанӣ дар маҳаллоту бозор будем ва занонеро ҷустҷӯ мекардем, ки либоси онҳо мутобиқ ба қавонини вазъшуда аз тарафи ДОИШ набуд. Ин ҳама қавонин барои он буд, ки ДОИШ битавонад либосҳои худро ба фурӯш бирасонад. Онҳо занонро зиндонӣ ва маҷбур мекарданд, ки ин либосҳоро ба қимати 6-7 ҳазор фунти сурияӣ (муодили 12-14 доллар) харидорӣ кунанд. Танҳо баъд аз харидорӣ онҳо озод мешуданд. Ҳатто духтарони хурд ҳам муваззаф ба пӯшидани либосҳои мутобиқ ба шариат буданд.

Қарор буд, мо бо автобуси пур аз зан ба мақарри пулис баргардем. Гоҳе 30-40 ва гоҳе 10-20 занро ҳамроҳи худ меовардем. Теъдоди занҳо вобаста ба хилофкориҳо буд. Аммо ҳеҷ гоҳе мо холӣ барнамегаштем.

Боре мо ба қароргоҳ баргаштем ва занҳоро дарра заданду барои чандон рӯз зиндонашон карданд. Баъдан, қабл аз озодӣ онҳоро маҷбур карданд, ки либоси дастурӣ харидорӣ кунанд.

Рӯзе занеро боздошт кардем, ки нохунҳояш лак доштанд. Онҳо бо анбӯр нохунҳои занро канданд.

Бадтарин хотира аз кор дар ДОИШ бароям аз боздошти зани бениқобе боқӣ мондааст . Ӯ гунг буд ва ҳарф зада наметавонист. Аммо замоне гунгии зан фош шуд, ки ӯ шиканҷа мешуд.

Баъзе аз занҳо дар мароҳили аввали бордорӣ қарор доштанд. Шиканҷа сабаби бачапартоии онҳо шуд. Зане дар мақарри пулиси динӣ таваллуд кард. Ӯ ҳамроҳи модараш дар роҳ ба бемористон боздошт шуд, чун дарди таваллуди кӯдак дошт ва бемористон мерафт. Чун чашмони ин зан мастур набуданд, ба ин хотир боздошт шуд. Ӯ замоне дар мақарри пулиси таваллуд кард, ки шиканҷа мешуд. Бештари занон дар мақарри пулис бача партофтанд. Онҳо (доишиҳо) бераҳм буданд.

Шиканҷаи мардум кори мо буд. Мо мардуми зиёдеро шиканҷа кардем, ба ҳадде ки теъдоди онҳро дар ёд надорам, то бигӯям. Мо назорат мешудем ва ҳамкоре доштем, ки масъулияташ назорат аз болои мо буд. Агар ман ба далели ошноӣ ба касе ӯро зиндонӣ намекардам, он ҳамкорамон билофосила ин хабарро мерасонд. Бинобар ин дар ин робита коре аз дастам намеомад.  Рӯзе зане аз ҳамкорони мо амӯзода ё ҳамсояаш, касеро, ки ӯро мешинохт, дида буд. Ӯ аз мо хоҳиш кард, тавре амал кунем, ки гӯё коре нашудааст, аммо нафаре, ки муваззаф ба назорати мо буд, ин хабарро ба нерӯҳои ДОИШ расонд ва он зани ҳамкорам муҷозот ва аз кор ихроҷ шуд. Ӯро дарра заданду зиндонӣ ва шиканҷа карданд.

Барои заноне, ки узви ДОИШ буданд, сигоркашӣ мамнӯъ буд, аммо худи онҳо сигор мекашиданд. Дар воқеъ, ман сигорҳои онҳоро барои худи онҳо мехаридам. Онҳо хамрро мамнӯъ карда буданд, аммо худ менӯшиданд.

Матраҳтарин шеваи шиканҷа он ҷо дарразанӣ буд.

Сардори пулиси динӣ ба дидани занҳо меомад ва агар занеро меписандид, ӯро пешниҳоди издивоҷ мекард. Агар зан розӣ мешуд, мадорики издивоҷ ба имзо мерасиданд ва мард ӯро ба хонааш мебурд, аммо агар зан розӣ намешуд, зиндонӣ ва шиканҷа мешуд.

Занҳо дар боздоштгоҳи ДОИШ мағзшӯӣ мешуданд. Онҳо то замоне ки занонро мутмаин ба пайвастан ба онҳо дар майдони ҷанг намекарданд, озод наменамуданд. Занони разманда мусаллаҳ ва мисли мардон дар майдони ҷанг буданд. Ин қабил занон ба он хотир дар майдони ҷанг буданд, ки шавҳаронашон он ҷо меҷангиданд. Онҳо мегуфтанд: “Чун шавҳарони мо ба набард рафтаанд, мо ҳам ҳамроҳи онҳо меҷангем”. Он ҷо занони шуҳадо низ буданд. Онҳо силоҳ гирифтанд, то қасоси шавҳарони худро бигиранд. Соири занон бошанд, мутмаин карда шуда буданд, ки ин амали онҳо боиси ба биҳишт рафтани онҳо хоҳад шуд.

Замоне ки бомбборони Раққа шурӯъ шуд, ман корро бас кардам, ҳамкоронам бошанд, корро идома доданд, аммо ману кӯдаконам ба далели рейдҳои ҳавоӣ аз Раққа берун шудем.

Хитоб ба мардум мегӯям, ки хатоҳои моро такрор накунанд. Мо мардумро шиканҷа кардем. Ин иштибоҳро Шумо таккрор накунед.         

(Идома дорад)


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>