Додситонии кулли Тоҷикистон марги Ризомуҳаммад Ализода, ёвари додситони ноҳияи Файзободро, ки ҷасадаш аз “Кӯли ҷавонон”-и шаҳри Душанбе пайдо шуд, таҳқиқ мекунанд. Марги Ализодаи 41-солар бар асоси ду фарзия – куштор ва худкушӣ – таҳқиқ мешавад.
Ҷасади ӯро пас аз бист рӯзи нопадид шуданаш рӯзи 8-уми декабри имсол, аз “Кӯли ҷавонон” ёфтанд.
Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъаш дар мақомоти тафтишотӣ навиштааст, телефони мобилии Ализода бори охир дар ин маҳал фаъол будааст ва аз рӯи ҳамин нишона ҷасадро пайдо карданд.
“Ғаввосон даъват шуданд ва дохили кӯлро кофтанд. Ҷасад ёфт шуд. Дар пойҳояш халтаҳои пур аз санг баста шуда буд,” – иттилоъ додааст манбаъ.
Ин мақом гуфт, ҳанӯз натиҷаи ташхиси ҷасад ниҳоӣ нашудааст ва аз ин рӯ, гуфта наметавонад, ки сабаби марги ёвари додситони ноҳияи Файзобод худкушӣ будааст, ё куштор.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати хабаргузорӣ, пеш аз ғайб задани Ризомуҳаммад Ализода як зане, ки бо ӯ робитаи наздик дошт, дар аввали моҳи ноябри имсол гум шудааст. Ҳанӯз занро наёфтаанд.
Ҳамсари Ризомуҳаммад Ализода нахост, дар бораи марги шавҳараш суҳбат кунад.
Ризомуҳаммад Ализода, ҳатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва зодаи вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон буда, чанд соли ахир дар Додситонии ноҳияи Файзобод кор мекард.