Як мақоми баландпояи артиши Амрико мегӯяд, шабиҳнизомиёни мусаллаҳи мавриди ҳимояти Эрон дар ҳоли наздик шудан ба хатти қирмизӣ ҳастанд, ки дар он ҷо нерӯҳои эътилоф бо шиддат (хушунат) ба онҳо вокуниш нишон хоҳанд дод.
Як мақоми баландпояи артиши Амрико рӯзи чаҳоршанбе 11 декабр ба суръат гирифтан ва печидатар шудани ҳамалоти гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Эрон ба пойгоҳҳои нерӯҳои Амрико дар Ироқ ишора кардааст ва аз вазъияте сухан гуфта, ки ҳама тарафҳои даргирро ба “вахомаати ғайриқобиликуотрол” наздик мекунад.
Ҳушдори ин мақоми баландпоя дар ҳоле унвон мешавад, ки пойгоҳи дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Бағдод чанд рӯзи пеш бо чаҳор ракети Катюша маврид ҳамла қарор гирифт. Дар асари ин ҳамла панҷ тан аз аъзои сервиси амнияти зидди терроризми Ироқ захмӣ шуданд.
Ба навиштаи Рейтерз, ин мақоми аршади низомии Амрико гуфтааст, ин ҳамлаҳо тавоноии эътилоф дар мубориза бо Доъишро ба хатар меандозад.
Ин дар ҳоле аст, ки ду рӯз пас аз ин ҳамла, чаҳоршанбе шаб низ хабаргузориҳо аз исобати ду ракети дигар ба наздикии фурудгоҳи байналмилалии Бағдод хабар доданд.
Савқ додани вазъият ба самти “ташдиди нохоста”
Руйтерз менависад, бо тасвиби таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон ва зарбаи иқтисодии ношӣ аз таҳримҳо барои ин кишвар, таниши миёни Эрон ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар минтақа афзоиш ёфтааст. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, ҳар ду тараф дигареро муқассири ҳамла ба таъсисоти нафтӣ ва анборҳои таслиҳотии шибҳинизомиён ва пойгоҳҳои Амрико дар минтақа медонанд.
Мақоми баландпояи артиши Амрико, ки нахост номаш фош шавад, бо ишора ба ин ки “сураъти ҳамалот қаблан тақрибан номунсаҷим буд”, аз афзоиши дараҷаи печидагӣ ва ҳаҷми мушакҳое, ки дар як марҳала шиллик мешаванд сухан гуфта ва ин масъаларо “бисёр нигаронкунанда” тавсиф кардааст.
Ин мақоми низомӣ афзудааст: “Нуктае, ки вуҷуд дорад ин аст, ки иқдомоти онҳо бархе умурро тағйир медиҳад ва ин эҳтимолро ба вуҷуд меовард, ки бархе иқдомоти дигар ё бархе тасмимоти дигар аз ҷониби яке аз тарафайн – хоҳ онҳо бошанд ё мо- нохоста ташдид шавад.
Ба навиштаи Рейтерз ин мақоми аршад ҳамчунин гуфтааст, ки шибҳинизомиёни мусаллаҳи мавриди ҳимояти Эрон дар ҳоли наздик шудан ба хати қирмиз ҳастанд, ки дар он ҷо эътилоф бо шиддат (хушунат) ба онхо вокуниш нишон хоҳад дод. Ба гуфтаи ин мақоми амрикоӣ “ҳеч кас чунин натиҷаеро нахоҳад писандид.”
Ҳамла аз сӯи бахше аз нерӯҳои амниятии Ироқ?
Дар ҳоле, ки дар ҳеҷ икдом аз ин ҳамалот, ҳеҷ гурӯҳе масъулияте ба ӯҳда нагирифтааст, аммо ин мақоми амрикоь мегӯяд, ки таҷзия ва таҳлилҳои иттилоотӣ ва баррасии мушакҳо ва партобгарҳо ба нақши гурӯҳҳои Ҳизбуллоҳ ва Асоъби аҳлулҳақ, гурӯҳҳои шибҳинизомии шиъаи мавриди ҳимояти Эрон дар ин ҳамалот ишора мекунанд.
Гурӯҳҳои шибҳинизомии Ироқ худи Иёлоти муттаҳидаи ва Исроилро ба бомбаборони анборҳои таслиҳотӣ ва пойгоҳҳои худ муттаҳам мекунанд.
Райтерз менависад, бештари гурӯҳҳои шибҳинизомии шиъаи Ироқ бахше аз нерӯҳои басиҷии мардуми Ироқ (Ҳашдушаъбӣ) ҳастанд, ки дар канори артиши ин кишвар бо ҳадафи мубориза бо Доъиш созмондеҳӣ шуданд. Ин хабаргузорӣ дар тавсифи ин гурӯҳҳо менависад, онҳо гузориши худро ба нахуствазир медиҳанд дар сурате, ки сохтори фармондеҳии худашонро дар берун аз артиши Ироқ доранд.
Ин мақоми баландпояи низомии Амрико мегӯяд, давлат таҳти нуфузи шиъиёни Ироқ ҳеҷ гуна иқдоме дар қиболе ба ин ҳаводис анҷом надодааст. Ин мақоми низомӣ ин масъаларо “бисёр нигаронкунанда” медонад ва мегӯяд: “Қобили қабул нест, ки мо мавриди ҳамлаи аносире қарор гирем, ки зоҳиран ба унвони бахше аз нерӯҳои амниятӣ таҳти раҳбари давлати Ироқ оварда шудаанд.”
Техники мушобеҳ дар ҳамалоти мутааддид
Ин мақоми баландпояи низомии Амрико мегӯяд, гурӯҳҳои шибҳинизомӣ дар таърихи 8 ноябр, аз як комюни тағйири шакл додашуда барои партоби 17 мушак ба пойгоҳи низомии Қайёра дар ҷануби Мосул истифода кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ ин ҳодиса хисорати умда ё талафоте дар бар надоштааст аммо ин техник дар ҳамалоти дигар ба пойгоҳҳои ҳавоии Балад ва пойгоҳи ҳавоии Асад дар ҳафтаҳои гузашта ҳам ба кор гирифта шудааст. Ба гуфтаи ин мақоми низомӣ мушакҳои партобшуда бурди кофӣ барои эҷоди хисорати қобили таваҷҷуҳ ба фурудгоҳи Асадро доштаанд.
Рейтерз менависад, ҳамла чанд рӯзи пеш ба наздикии фурудгоҳи Бағдод бо мушакҳои ба маротиб бузургтари 240 милиметрӣ иттифоқ афтода, ки аз соли 2011 ба баъд дигар дар Ироқ ба кор гирифта нашудаанд.