Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Пирӯзии Борис Ҷонсон ва ҳаводорони Брегзит дар интихоботи Бритониё

$
0
0

Интихоботи парлумонии Биритониё ба пирӯзии бузурги ҳаводорони Брегузт мунҷар шуд. Сиёсатҳо ва шиорҳои Борис Ҷонсон сабаб шуд, ки ҳизби муҳофизакор аксарияти мутлақи курсиҳоро аз они худ кунад. Ҷереми Корбин, раҳбари ҳизби коргар эъломи канорагирӣ кардааст. 

Ҳавзаҳои раъйгирӣ соати 23 ба вақти аврупои марказӣ ба кори худ хотима доданд. Натоиҷи шумориши муваққати оро аз пирӯзии бузурги Борис Ҷонсон ва муҳофизакорон дар интихоботи парлумонии Бритониё ҳикоят мекунанд. 

Хабаргузориҳои байналмилалӣ бомдод имрӯз 13 сентябр натоиҷи муваққати шумориши ороро мунташир карданд. Бар асоси натоиҷе, ки то кунун мунташир шудаанд, ҳизби муҳофизакори Бритониё ба раҳбарии Борис Ҷонсон муваффақ ба касби аксарияти курсҳои парлумони ин кишвар шудааст. 

Парлумони Бритониё 650 курсӣ дорад ва гуфта мешавад, ки ҳизби муҳофизакор муваффақ ба касби 362 курсӣ шуда ва ба ин тартиб ба аксарияти мутлақ дар маҷлиси авоми Бритониё даст ёфтааст. 

Борис Ҷонсон бо ирсоли як имейл барои аъзои ҳизби муҳофизакор навиштааст: “Ман умедворам, ки шумо имшабро битавонед ҷашн бигиред.” 

Ҷереми Корбин, раҳбари ҳизби коргар пас аз шикасти худ дар интихоботи парлумонии Бритониё эълом кардааст, ки аз раҳбарии ин ҳизб канорагирӣ хоҳад кард. Ҳизби коргар муваффақ ба касби танҳо 203 курсӣ шудааст. Ин бадтарин натиҷае аст, ки ин ҳизб дар кулли таърихи Бритониё ба даст овардааст. 

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ин севумин интихоботи парлумонии Бритониё зарфи панҷ соли гузашта аст. 

Интихоботи Бритониё ва Брегзит 

Брегзит ё хурӯҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо мавзӯъи меҳварии интихоботи парлумонии зудраси ин кишвар буд. Пирӯзии Борис Ҷонсон дар ин интихоботи парлумонӣ ба маънои хости аксарияти мардум барои хурӯҷ аз иттиҳодияи Аврупо тафсир шудааст. 

Ин пирӯзь раванди хурӯҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупоро дар рӯзи 31 январи соли 2020 ҳамвор мекунад. Ҳар ду ҳизби коргар ва муҳофизакори Бритониё интихоботи рӯзи панҷшанбе 12 декабрро интихоботе арзёбӣ карда буданд, ки масири таҳаввули ин кишварро рақам мезанад. 

Борис Ҷонсон аз “муҳмтарин интихоботи насли кунунӣ” сухан гуфта буд. Ҳама шаҳрвандони Англия, Уелс, Искотланд ва Ирландияи шимолӣ барои ширкат дар ин интихобот ва раъй додан ба фарҷоми Брегзит фаро хонда шуда буданд. 

Аҳамияти интихоботи рӯзи 12 декабри Бритониё боис он шудааст, ки мизони мушорикати мардум дар ин интихобот беш аз интихоботи давраҳои пешин бошад. Омори дақиқ пас аз эъломи натоиҷи қатъии шумориши оро мунташир хоҳад шуд. 

Пирӯзии Борис Ҷонсун ва ҳизби муҳофизакор дар интихоботи парлумонии Бритониё ба маънои муваффақияти ӯ дар арсаи Брегзит талаққӣ мешавад. Мухолифати парлумони Бритониё бо тавофуқи Тереза Мей, нахуствазири пешини ин кишвар бо Иттиҳодияи Аврупо мунҷар ба шикаст ва истеъфои ӯ шуда буд. Борис Ҷонсон низ ба рағми ҳама талошҳои худ натавониста буд раъйи мусбати маҷлиси авоми Бритониё дар бораи Брегзитро ҷалб кунад. 

Акнун бо пирӯзии муҳофизакорон дар Бритониё ва касби аксарияти мутлақи курсиҳои парлумонии ин кишвар, хурӯҷи сареъи Бритониё аз иттиҳодияи Аврупо мумкин мешавад. 

Душвориҳои пешорӯ 

Пирӯзии Борис Ҷонсон ва Ҳизби муҳофизакор ба маънои поёни душвориҳои бархоста аз раванди хурӯҷи Бритониё аз иттиҳодияи Аврупо нест. Ду чолиши бузург дар баробари Ҷонсон қарор дорад. 

Дар зинаи аввал нигоҳҳо мутаваҷҷеҳи Искотланд аст. Хонум Некола Стерҷон, раҳбари ҳизби миллии Искотланд бо иттико ба натоиҷи орои мардуми Искотланд эълом кардааст, ки аксарияти мардуми Искотланд хостори мондан дар иттиҳодияи Аврупо ҳастанд ва Искотланд тамоюле ба хурӯҷ аз ин Иттиҳодия надорад. 

Аз сӯи дигар, мавзӯъи таъйини марзи байни Иттиҳодияи Аврупо ва Ирландияи шимолӣ низ яке дигар аз чолишҳое аст, ки мунҷар ба шикасти тавофуқҳои пешин байни давлати Бритониё ва Иттиҳодияи Аврупо шуда барои амалӣ кардани Брегзит шуда буд. Бритониё ҳанӯз натавонистааст роҳи ҳали муносиб барои Ирландияи шимолӣ ва марзи он бо ҷумҳурии Ирландия биёбад. Мушкилоти дигаре ҳам вуҷуд доранд. Аз он ҷумла аст ҳаққи кор ва иқомати шаҳрвандони аврупоӣ дар Биритониё. 

Пирӯзии Борис Ҷонсн мумкин аст раванди хурӯҷи Биритониё аз иттиҳодияи Аврупоро тасреъ кунад, аммо мушкилоти ҷадиде барои Бритониё дар пай хоҳад дошт.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles