Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ду созмони ҳуқуқи башар аз ИА хостанд мақомоти Тоҷикистонро таҳти таҳрим қарор диҳанд

$
0
0

Кумитаи Норвегии Ҳелсинки ва Анҷумани Ҳуқуқи Инсон дар Осиёи Марказӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, таъқибу фишори хешовандони фаъолони мухолиф бас кунад. Ин ду созмон аз Иттиҳоди Аврупо даъват кардаанд, онҳоеро, ки мухолифонро азияту озор медиҳанд, таҳти таҳрим қарор бидиҳад.

Дар баёнияи муштараки ин ду созмони ҳомии ҳуқуқ , ки рӯзи 13-уми декабр нашр шуд, гуфта мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон ба таври доимӣ, аъзои оилаҳои фаъолони мухолифе, ки дар хориҷ бас сар мебаранд таҳти фишор қарор медиҳанд ва бо ин роҳ мехоҳанд, мухолифону мунтақидонашонро хомӯш кунанд.

Ду созмони ҳуқуқи башар дар баёнияшон гуфтаанд хонаводаи Фатҳуддин Саидмуҳиддинов, яке аз фаъолони мухолифро мақомоти интизомӣ аз авохири моҳи ноябр (пас аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо) то кунун таҳдиду бозпурсӣ мекунанд ва озор медиҳанд.

Кумитаи Норвегии Ҳелсинки бо нақл аз Фатҳуддин Саймуҳиддинов навиштааст, ки кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона рӯзи 26-уми ноябр Миноҷ Саидмуҳиддинов падари 77-сола ва бародаронашро дар ноҳияи Қубодиён ва шаҳри Душанбе батакрор бозпурсӣ кардаанд.

Худи Фатҳуддин Саидмуҳиддинов дар саҳифаи фейсбукиаш навишта буд кормандони КДАМ ҳангоми бозпурсӣ ба пайвандонаш як акси раисиҷумҳур Раҳмонро нишон додаанд, ки касе онро зери по кардааст ва ба онҳо гуфтаанд, ки “ин фарзанди шумост, бинед болои сурати Ҷаноби Олӣ по гузоштааст.” Саидмуҳиддинов менависад, ки ӯ аслан чунин коре накарда, баръакс хостааст аз он пешгирӣ кунад. Ба навиштаи Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, зимни пурсуҷӯ мақомот ба хешовандони Фатҳуддин Саидмуҳиддинов гуфтаанд, ки ӯ бояд ба Тоҷикистон баргардад ва “барои ҷиноятҳояш ҷавоб гӯяд” ва ба падараш таҳдид кардаанд, ки агар писараш худаш барнагардад, бо зӯр ӯро бармегардонанд.

Кумитаи Норвегии Ҳелсинки ва Анҷумани Ҳуқуқи Инсон дар Осиёи Марказӣ гуфтаанд, фақат Фатҳуддин Саидмуҳиддинов нест, ки мақомоти интизомӣ ба ӯ чунин муносибатеро раво дидаанд.

Ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва фаъолони мухолифон, ҳар дафъа баъди муроҷиати онҳо ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва ё сӯҳбат бо расонаҳо дар бораи таъқиби хешовандонашон дар Тоҷикистон, мушкилоти онҳо зиёдтар мешавад.

Фатҳуддин Саидмуҳиддинов гуфтааст, ки баъди муроҷиаташ ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва байналмилалӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, фишор ба хешовандони ӯ зиёдтар шудааст ва “маъмурони амниятӣ падарашро барои бозпурсӣ дар рӯзҳои 14 ва 16-уми декабр ба Душанбе даъват кардаанд.” Худи ӯ рӯзи15-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло намедонад, ки падарашро дигарбора барои пурсуҷӯ даъват кардаанд, ё не, вале ба қавли Саидмуҳиддинов: “Ҳатман хабар дер ё зуд мерасад ва минбаъд тамоми ноадолатиҳоро, ки нисбат ба хонаводаам аз ҷониби мақомоти қудратӣ сурат мегирад, расонаӣ мекунам. Чунки ин озору азият чанд сол аст, давом дорад ва ҳар қадаре, ки сабру таҳаммул кардам, зулмро болои хонаводаам бештар карданд.”

Кумитаи Норвегии Ҳелсинки ва Анҷумани Ҳуқуқи Инсон гуфтаанд, ки қазияҳои зиёди таъқибу озори хешовандони мухолифони давлатро ҷамъ кардаанд. Дар ин баёния омадааст, ҳадафи мақомоти интизомӣ аз озору азияти аъзои хонаводаи мухолифони муқими хориҷ, водор кардани онҳо ба даст кашидан аз танқиди ҳукумат аст.

Мариус Фоссум, раиси Кумитаи Норвегии Ҳелсинкӣ дар ин баёния гуфтааст, дар Тоҷикистон, “мақомот озодии баёнро аз байн бурданд ва ҳоло ҳамингуна хатарро дар байни мухолифони муқими Аврупо ба миён овардаанд. “

Ин ҳомии ҳуқуқ гуфтааст, чунин вазъи бӯҳронии беэътиноӣ ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон барои амнияти кишвар хатар эҷод мекунад. Мариус Фоссум гуфтааст: “Мо аз Брюссел даъват мекунем, ки ба зидди он мақомоти ҳукумати Тоҷикистон, ки масъули нақзи зиёди ҳуқуқи инсон, аз ҷумла таъқиби аъзои хонаводаҳои фаъолони маданӣ ҳастанд, таҳрим ҷорӣ кунад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>