Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Қариб 20 млн барои танҳо пахши тугмаҳо

$
0
0

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон сметаи хароҷоти палатаи поёнии парлумон дар соли 2020-ро тасдиқ карданд. Муайян шуд, ки барои хароҷоти Маҷлиси намояндагон дар соли 2020 аз буҷаи давлат 19 миллиону 605 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад. 

Ин ҳам дар ҳолест, ки вакилони парлумони Тоҷикистон ҷуз тасдиқи қарорҳои ҳукумат тақрибан ҳеҷ кори дигаре надоранд.

Тавре Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати дастур ва ташкили кор ба нашрияи парлумонии Садои мардум иттилоъ додааст,  рӯйхати вазифаҳои Маҷлиси намояндагон 176 нафар бо фонди ҳармоҳаи музди меҳнат ба маблағи 812 ҳазору 490 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Хароҷоти якмоҳаи Маҷлиси намояндагон барои пардохти маош ҳудуди 920 ҳазор сомонӣ арзёбӣ гардидааст.  

Бино ба иттилои манбаъ “Шумораи кормандони техникӣ ва ёрирасони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 165 нафар бо фонди ҳармоҳаи музди меҳнат дар ҳаҷми 108 158 сомонӣ пешниҳод шудааст.

Холмуҳаммадзода таъкид намудааст, ки 19 миллиону 605 ҳазор сомонӣ барои таъмини зарурати Маҷлиси намояндагон ва сохторҳои он кифоя мебошад ва изҳори боварӣ намудаст, ки дастгоҳи Маҷлиси намояндагон истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои ҷудошударо таъмин менамояд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 63 вакил дорад, ки маоши онҳо соли 2011-ум дар ҳаҷми 4 ҳазору 950 сомонӣ, он вақт муодили 1 ҳазор доллари амрикоӣ муайян шуда буд. Баъди соли 2011 то ба ҳол аз тағйири маоши вакилон гузорише нашр нашудааст. Ба ҳисоби доллар, агар ҳаҷми маоши вакилон бо пули миллӣ тағйир наёфта бошад, маоши вакилон феълан ҳудуди 500 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Маоши раиси Маҷлиси намояндагон ду баробар бештар аз маоши вакилон арзёбӣ мешавад.

Як корбари фейсбук навишта буд агар ба моҳонаи якмоҳаи вакилон 63 гов харида дар парлумон парвариш шавад, фоидааш ба мардум бештар аст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>