Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Собиқадори Кумитаи андозро ба хотири баромади писараш 4 рӯз истинтоқ карданд

$
0
0

Одина Саидов, собиқадори Кумитаи андозро бинобар баромадҳои писараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои 4 рӯз боздошт ва истинтоқ кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ӯ ҳамеша мухолифи мавқеъи сиёсии писараш ва тарафдори ҳукумат будааст.

Маҳмадзариф Саидов, фаъоли сиёсӣ ва узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар як паёми видеоӣ хабар дод, ки падарашро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт ва 4 рӯз истинтоқ кардаанд. Ҳамчунин ҳамсари собиқи ӯ аз тарафи мақомот боздошт ва бозпурсӣ шудааст.

Сабаби боздошти Одина Саидов, корманди кумитаи андоз бо собиқаи 30-солаи кор, баромадҳои писарша Маҳмадзариф Саидов будааст. Дар ҳамин ҳол, Маҳмадзариф Саидов бо эътироз ба фиристодани писараш ба мактаби наврасони душвортарбия баромад карда, гуфта буд писараш қории Қуръон ва донандаи чанд забон аст ва навраси душвортарбия наметавонад Қуръонро ба куллӣ ҳифз кунад.

Маҳмадзариф Саидов ба Паём гуфт падараш то соли 2014 сардори шуъбаи ҳуқуқии кумитаи андози ноҳия Рӯдакӣ, баъдан дар шӯъбаҳои Кумитаи андоз дар ноҳияи Турсунзода, баъдан ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фаъолият кардааст. 

Ба гуфтаи ӯ падараш аз аввал мухолифи мавқеъи сиёсии ӯ ва узвияташ дар ҲНИТ буда, орҳо байнашон баҳсҳои тунде ҳам рух додааст. 

Ҳамчунин ба гуфтаи Саидов мақомот бародараш Ҷамшед ва ҳамсари собиқашро низ бозҷӯиву таъқиб мекунанд, дар ҳоле, ки бародараш борҳо бо ӯ хархаша кардаву солҳост, ки ҳамроҳаш сӯҳбат накардааст. 

Гуфтанист, чанде қабл писари Маҳмадзариф – Муҳаммадҷон Саидови 13 сола, қории Қуръон ва донандаи чанд забон, аз тарафи мақомоти Тоҷикистон ба мактаби кӯдакони душвортарбия супурда шудаа буд. Сабаби ин иқдоми мақомот узви ҲНИТ ва фаъоли сиёсӣ будани падараш Маҳмадзариф Саидов гуфта мешуд.

Дар ин бора худи Маҳмадзариф Саидов имрӯз, 10 декабр, бо нашри як видео дар саҳифааш дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод. Ӯ гуфт писари 13-солаашро зоҳиран барои фаъолиятҳои оппозитсионии худи ӯ ҷазо додаанд.

Дар он навор Маҳмадзариф Саидов гуфта буд, писараш солҳои 2013-2014 дар як литсей дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Ваҳдат, ки онҷо забони арабӣ ва “Қуръон”-ро ҳам дарс медоданд, таҳсил мекард. Баъдан фаъолияти ин литсей мамнӯъ шуд Саидов писарашро барои идомаи таҳсил ба як мактаб ба шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш фиристодааст. 

Ба гуфтаи ӯ писараш дар Бангладеш чанд забон, аз ҷумла банғолӣ ва арабиро омӯхта, “Қуръон”-ро ҳам пурра ҳифз кардааст.  Саидов мегӯяд сабаби ба мактаби кӯдакони душвортарбия супурдани Муҳаммадҷон танҳо ангезаҳои сиёсӣ дошта, ба фаъолиятҳои оппозитсионии худи ӯ рабт дорад. 

Ӯ мегӯяд “агар мани мухолиф чӣ хеле ки мегӯед ҷинояткор, террорист ҳастам, кӯдак чӣ гуноҳ дорад, ки ӯро ҷазо медиҳед?”

Ба гуфтаи падараш Муҳаммадҷон Саидов аз соли 2015 то 2019 дар Дакка таҳсил карда, моҳи феврали соли 2019 бо нияти хабаргирии модар ва бобову бибиаш ва иваз кардани шиносномааш, ки муҳлати эътибораш ба поён мерасид, ба Тоҷикистон баргаштааст. Аммо баъди бозгашт мақомоти  Тоҷикистон ба Муҳаммадҷон Саидов дигар имкони сафар ба хориҷ барои идомаи таҳсилро надодаанд. Ва моҳи ноябри соли 2019 ӯро ба мактаби кӯдакони душвортарбия дар Душанбе супурдаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>