Бархе хабаргузориҳо аз кушта шудани шуморе маъмури эронӣ дар ҳамалоти ҳавоии Исроил ба пойтахти Сурия гузориш додаанд. Порае гузоришҳо аз қатли як фармондеҳ ва то 14 нафар узви Сипоҳи посдорон хабар додаанд. Сипоҳ қатли сартип Ҳоҷизодаро такзиб кард.
Ба гузориши бархе хабаргузориҳо дар ҳамлаи шомгоҳи якшанбе, 22 декабр ба мавозеъи низомӣ дар ҷануби пойтахти Сурия шуморе эронӣ кушта шудаанд.
Созмони дидабони ҳуқуқи башари Сурия, ки дар Лондон мустақар аст, аз бомбаборони манотиқе миёни маҳаллаи Ақраба ва наздикии Зайнабия (маҳалли оромгоҳи Сайида Зайнаб) хабар дода, мегӯяд шуморе аз ҳомиёнии мудофеъи режими Асад, ки дасти кам се нафар аз онҳо эронӣ будаанд, ба қатл расидаанд.
Хабаргузории расмии Сурия ҳамалоти артиши Исроил бо бомб ва мушакро таъйид карда аммо оморе дар бораи қурбониён надодааст.
Исроил то кунун даҳҳо бор ба мавозеъи нерӯҳои эронӣ ва нафароти лубнонии Ҳизбуллоҳи мудофеъи режими Башшор Асад, ҳамла карда, шуморе аз онҳоро ба қатл расондааст.
Ҳамлаи мушаки Исроил ба мавозеъи низомӣ дар Сурия
Исроил таҳдид карда, ки то барчида шудани пойгоҳҳои Ҷумҳурии Исломӣ дар Сурия ба ҳамалоти худ ба ин мавозеъ идома хоҳад дод.
“Сардор Ҳоҷизода зинда ва солим аст”
Бархе аз манобеъи мухолифи режими Сурия аз куштаи шудани то 14 эронӣ дар ҷараёни ҳамалоти шомгоҳи якшанбеи Исроил хабар дода ва гуфтаанд, ки яке аз “фармондеҳони олии Сипоҳи посдорон” ҳадафи ҳамалот будааст.
Гуфта мешавад, ки манзур аз фармондеҳи мазбур, сартип Амиралӣ Ҳоҷизода фармондеҳи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорон буда, ки то кунун аз иқомати ӯ дар Сурия хабаре мунташир нашуда буд.
Хабаргузории Форс, вобаста ба Сипоҳи посдорон, дар твитте, ки мунташир кард, кушта шудани ин фармондеҳи худро такзиб кард ва гуфт, ки ӯ “дар саломатии комил ба сар мебарад.”