Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Лавров: амалкарди Амрико дар баробари Эрон хилофи талаботи СММ аст

$
0
0

Вазири умури хориҷаи Русия, амалкарди Амрикоро дар баробари Эрон нақзи ошкори талаботҳои Созмони Миллали Муттаҳид хонд ва гуфт, Амрико наметавонад бо кишваре монанди Эрон, ки тамаддуне чанд ҳазорсола дорад, беадабона рафтор кунад.

Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия гуфт, Амрико дар баробари Эрон на танҳо ба таври ошкор Талаботҳои Созмони Миллали Муттаҳидро нақз ва аз иҷрои қатъномаи Шурои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид худдорӣ мекунад, балки ба таври густохона ба тарҳи мутолиботаш аз ин кишвар мепардозад.

Лавров таъкид кард, Эрон кишварест, ки тамаддун, суннат ва иззати нафси ҳазорсола дорад.

Тавре хабаргузории ТАСС иттилоъ дод, Вазири умури хориҷаи Русия гуфт, амрикоиҳо бар инанд, ки Эрон бояд ба иҷрои тааҳудоташ идома диҳад, аммо худашон қатъномаи Шурои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳидро дар бораи Эрон зери по мегузоранд.

Лавров афзуд, амрикоиҳо ҳатто аз кишвраҳои дигар низ, ки ҳақи тиҷорати озод бо Эронро доранд мехоҳад то равобити тиҷории худро бо Эрон мутаваққиф кунанд.

Амрико аз моҳи майи 2018 зимни хуруҷи ғайриқонунӣ ва якҷониба аз БАРҶОМ ва бозгардондани таҳримҳо, корзори ҳамаҷонибаеро барои иҷрои фишори ҳадиаксарӣ алайҳи Эрон ба роҳ андохта ва кишварҳои тарафи тиҷории Эронро низ машмули таҳримҳои сонавияи худ қарор додааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>