Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Бонки Миллӣ гунаҳкорро пайдо кард

$
0
0

Бонки миллии Тоҷикистон дар як баёнияи расмиаш эълон кардааст, ки бархе аз ташкилоти молиявию қарзӣ дар роҳи интиқоли пул аз Тоҷикистон монеъа эҷод мекунанд. 

Ин ниҳод аз ташкилоти қарзӣ талаб кардааст интиқоли маблағи шаҳрвандонро беманониъат ва сариваут анҷом диҳанд.

Дар баёнияи БМТ омадааст:

“Тибқи муроҷиъати шаҳрвандон дар чанд рӯзи охир аз тарафи бархе ташкилоти қарзии молиявӣ дар вақти интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоб  аз Тоҷикистон ба хориҷ монеъа ва садҳои суннӣ эҷод карда мешавад.

Бинобар ин ки Маркази протсессингии интиқоли маблағҳо мӯътадил фаъолият мекунад, ташкилоти қарзӣ бояд саривақт ва бе мамониъат интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобро аз ҷумҳури а хориҷ дар доираи талаботи санадҳои ҳуқуқӣ таъмин кунанд.”

Бонки Миллӣ дар ҳоле ташкилоти қарзиро дар монеъагузории суннӣ гунаҳкор мекунад, ки тасмими ин ниҳод оид ба таъсиси Маркази протсессингӣ системаи интиқоли маблағҳо ба кишвар ва баръаксро, ки солҳо бидуни мушкиле фаъолият мекард ба бӯҳрони амиқе гирифтор кард. 

Дирӯз ин ниҳод эълон карда буд, ки  шаҳрвандон метавонанд маблағҳоеро, ки аз Тоҷикистон тавассути низоми «Золотая корона» фиристода буданд, метавонанд 24-25 декабри соли ҷорӣ (давоми ду рӯз) аз ташкилоти қарзии кишвар бозпас гиранд. Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ, ки тасмимаш оиди Маркази миллии протсессингӣ садҳо ҳазор муҳоҷиронро саргардон кард ва миллионҳо доллари онҳо зимни интиқол тариқи “Золотая Корона” аз Русия ба Тоҷикистон муаллақ мондааст, иттилоъе намедиҳад ва намегӯяд, ки онҳо чӣ гуна метавонан маблағҳояшонро баргардонанд. Дар ҳоле, ки беш аз 97 дарсади интиқолҳо байни Тоҷикистону Русия тавассути “Золотая Корона” аз Русия ба Тоҷикистон сурат мегирад. 

Ҳазорҳо муҳочир, ки тариқи онлайн тавассути “Золотая Корона” маблағ интиқол дода буданду ҳуҷҷатҳояшон комил нест, наметавонанд маблағҳои худро баргардонанд, чун шабака аз онҳо барои баргардонидан пул чанд ҳуҷҷат талаб мекунад. 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>