Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки қаблан чун шоир, олим, драматург, филмноманавис “шинохта” шуда буд, китобе бо номи “Фазилати пешво” “иншо кардааст”.
Хабаргузории давлатии “Ховар” Раҳимзодаро бо Ҳабибулло Назаров, ходими давлатӣ, Раиси Суди Олӣ, Вазири адлия, ҳуқуқдони маъруфи замони шӯравӣ муқоиса карда гуфтааст, ки “ҳамзамон хонандаи тоҷик ӯро ба ҳайси нависанда, муаллифи як зумра китобҳои хонданбоб, аз ҷумла повести басо шавқовари «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона» мешиносад, ки ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума шудааст”.
“Ховар” таъкид кардааст, “Рамазон Раҳимзода низ аз зумраи чунин нафарони эҷодкор аст, ки ба қаламаш чандин асарҳои манзуму мансур мутааллиқ мебошанд. Намунаҳои ашъори ӯ мунтазам дар рӯзномаю маҷаллаҳо нашр мегарданд ва бастакорон ба онҳо оҳанг мебандад. Шеъри ӯ “Меарзӣ”-ро дар бораи Пешвои миллат чандин сарояндагон оҳанг баста, замзама мекунанд”.
Дар пешгуфтори китоби нави вазири умури дохила омадааст, ки китоб “дар бораи фазилатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фаъолияти доманадори эшон ба нафъи миллату Ватан мактаби сиёсати давлатдорӣ ва намунаи олии хизмати фидокорона барои халқ мебошад”.
Китоби Рамазон Раҳимзода аз чанд боб иборат аст, ки номи бобоҳояш ҳам аз номи китоб монданӣ надоранд: “Шоҳкорҳо барои давлату миллат”, “Ваҳдати тоҷикон аз хиради Ҷаноби Олӣ буд”, “Бо мардум будан мароми ӯст”, “Сулҳовар ва наҷотбахши миллат”, “Дипломат ва суханвар”, “Афкори башардӯстона ва андешаи ҷаҳонситоӣ” ва ғайра.
Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ филми кӯтоҳе пайдо шуд, ки гута мешуд муаллифаш вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода аст. Қаблан ӯ пйесае дар бораи модар “навишта” буд, ки ба саҳна гузошта шуд.
Нахустнамоиши нахустин пиесаи пулиси рақами аввали кишвар бо номи “Дили модар”, ки онро коргардон Қурбон Собир ба саҳна гузоштааст, рӯзи 13-уми август дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Марям Исоева, ҳунарманди маъруфи тоҷик, ки нақши модарро дар ин пиеса бозӣ мекунад гуфтааст “Ман рӯи дар саҳна нақши беш аз 60 модарро бозӣ кардаам. Аммо аз драматизми ин асар дар ҳайрат мондам. Ин авҷи аълои тасвири симои модари тоҷик ва ё, апафеози он аст. Ин қадар модари тоҷик худро барои фарзандаш фидо мекунад.”
Пиесанависӣ танҳо истеъдоди қаламкашии Рамазон Раҳимзода нест. Қаблан дар расонаҳо шеъру манзумаҳои бо тахаллуси Ниҳонӣ ба нашр расида буданд. Гуфта мешавад Ниҳонӣ тахаллуси ниҳонии вазири умури дохилаи Тоҷикистон аст.
Яке аз шеърҳои бо унвони “Ту меарзӣ”, ки дар васфи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон навишта шудааст, аз тарафи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар соли 2017 беҳтарин шеъри сол дониста шуда буд.
Ду шеъри дигари Ниҳонӣ, ки ба китобу китобхона бахшида шудаанд, дар толори даромадгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон овехта шудааст.
Рамазон Раҳимзодаро ҳамчунин муаллифи 100 (!) асари илмӣ, китоби дарсӣ, рисолаҳо, монография, дастури таълимӣ, тафсир ба қонунҳо, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои иқтисодӣ медонанд.
Ӯ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ буда, ташаббускори ҷорӣ намудани фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи илми ҳуқуқ ва муаллифи китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», барномаи дарсии он ва тестҳо аз ин фан дониста мешавад.
Ба унвону ҷоизаҳои ӯ дар соҳаҳои ҳуқуқшиносиву варзиш унвонҳои “аълочии ифтихории маорифи Тоҷикистон”, аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ низ ҳамроҳ шудаанд.
Рисолаи номзадӣ ва чанд асари дигарашро вазири умури дохилаи Тоҷикистон бо забони русӣ иншо кардааст, ки гувоҳи сатҳи баланди забондонии ӯ шумурдан мумкин аст. Аммо вақте русӣ ҳарф мезанад, назари дигар ҳосил мешавад.
Бисёриҳо ба ин назаранд, ки китобу шеърҳои Раҳимзода ба ивази маблағ аз тарафи дигарон навишта мешавад. Далелашон ҳам баромадҳои вазир дар конфронсу нишастҳои матбуотӣ аст. ки аз қоғаз бо мушкилӣ мехонад ва ҷумлаҳояш бесарунӯганд.