Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

ИРТ аз ҳукумати Тоҷикистон хост ҳарчӣ зудтар ба Иттиҳоди иқтисодӣ пайвандад

$
0
0

Ҷумбиши мардумии «Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон» бо пахши изҳороте аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кард, ки “таъҷилан (ҳар чи зудтар) барои пайвастан ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё дархост пешниҳод намоянд”.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки “баъди таҳлили амиқ ва ҳамаҷонибаи коршиносон оид ба вазъи имрӯзаи Тоҷикистон инҷониб ба хулосае омаданд, ки барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ яке аз гомхои ҷиддии ҳукумати Тоҷикистон ин ворид шудан ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё мебошад. Бо ин иқдом Тоҷикистон метавонад барои тиҷорати молу маҳсулоти ватанӣ ба бозорҳои бузург роҳ ёбад, истеҳсоли номгӯи нави маҳсулотро ба воситаи сармоягузорони хориҷӣ аз Русия ва дигар кишварҳои аъзои ин иттиҳод равнақ диҳад.

Ҷумбиши мардумии «Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон» зимни изҳорот навиштааст, “Мо, хушбин ҳастем, ки ҳукумати Тоҷикистон омодагии худро нисбат ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноати куҳӣ, сабук, соҳаи мошинсозӣ, дорусозӣ, соҳаи алока ва нақлиёт, бонкдорӣ ва технологияи информатсионӣ изҳор медорад”.

Дар изҳорот таъкид шудааст, ки “пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё дар навбати аввал дарвозаҳоро барои тоҷирон ва сармоягузорон мекушояд, ҳамчунин шароит фароҳам меорад, ки монеаҳои маъмурӣ бардошта шаванд ва сарбории андоз кам шавад. 

Гуфта шудааст, ки 70 фисади мардуми тоҷик хостгори пайвастан ба ин созмонанд. Тибқи омори гайрирасмӣ беш аз 1 миллиону 200 ҳазор аҳолии Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дошта, ҳамасола ба Тоҷикистон ҳудуди 3 миллиард доллари амрикоӣ ва аз он ҳам бештар равона мекунанд, ки 40-45 фисади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>