Пас аз 25 рӯзи сарсониву шикоятҳои муҳоҷирон, Бонки миллӣ эълон кард, ки онҳо маблағҳои интиқолнамудаашон тавассути низоми “Золотая корона”-ро метавонанд дар Тоҷикистон дастрас кунанд.
Боки миллӣ гуфтааст давоми се рӯз – 28 то 30 декабр маблағҳоеро, ки муҳоҷирон то 3 декабр тавасстуи “Золотая Корона” ба Тоҷикистон интиқол дода буданд, аммо то ҳол натавонистаанд бигиранд, дар шӯъбаву нуқтаҳои “Амонатбонк” метавон ба даст овард.
Ин хабар дар пайи шикояти даҳҳо муҳоҷире садо медиҳад, ки гуфтанд маблағи фиристодаашонро наметавонанд дастрас кунанд.
Баъди ба фаъолият оғоз кардани Маркази протсессингии интиқоли маблағи Бонки миллӣ ва ба он напайвастани низоми “Золотая Корона”, миллионҳо рубли муҳоҷирон дар ин низом муаллақ монд ва онҳо натавонистанд на аз Тоҷикистон ва на аз Русия онро бозпас гиранд.