Дирӯз, 26 декабр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон паём дод. Вакилон се соат ҳарфҳои ӯро гӯш карданд ва сари ҳар чанд дақиқа бо кафкӯбиҳои пурмавҷ аз он истиқбол карданд. Ҷолибтарин ҷанбаи паёми имсолаи Раҳмон ин буд, ки гуфт ваъдаҳои додааш замони номзади ба мақоми раёсатҷумҳури дар соли 2013 ро иҷро кардааст ва барои ин чанд “далел” ҳам овард.
Ин бузургтарин дурӯғи ӯ буд, ки дохилаш 40 дурӯғи дигар дошт ва қисмате аз он дурӯғҳоро матраҳ хоҳем кард.
Раисҷумҳур ҳамчунин супоришҳои зиёде ба ҳукумат дод, ки вакилон аз онҳо низ бо кафкӯбӣ истиқбол карданд. Чун супоришҳои Раҳмон дар 27 соли гузашта камтар иҷро шуда, ҳамеша рӯи қоғаз мондаанд ва супоришҳои индафъаинааш бештар фантастикӣ буданд, ба онҳо намепардозем. Масалан ӯ гуфт бояд ҳар сол 100 ҳазор ҷои корӣ офарида шавад ва ё раисони навоҳиро муваззаф кард дар 5 соли оянда ҳамаи онҳоеро, ки синнашон аз 18 боло аст, ба кор таъмин кунанд. Ҳади ақал ҳамин ду супоришаш, ки ба иҷро нашудани ҳеҷ кадомаш шубҳае ҳам нест, ба ҳам ихтилоф доранд: барои он ки ақалан ҳамаи мардони болиғ дар Тоҷикистон ба кор таъмин шаванд, раисони ноҳияҳо ҳар сол ҳади ақал 200 ҳазор ҷои корӣ бояд омода кунанд.
Бинобар ин ҳоло мепардозем ба бахши иқтисодии паёми раисҷумҳур ва арқоме, ки ироа карду бо зикри онҳо аз фаъолияти ҳафтсолаи ҳукуматаш изҳори қаноатмандӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон: Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд.
Паём.нет: Аввалин нишондиҳандаи рушди истеҳсолот дар кишвар афзоиши нишондиҳандаҳои содирот ва коҳиши воридот аст, аммо баръакс соли 2019 мисли ҳамаи солҳои қабл содироти Тоҷикистон коҳиш ёфта, воридот бештар шудааст. Ва тибқи гуфтаи худи раисҷумҳур 90%-и содиротро маҳсулоти хом ташкил медиҳад.
Э.Р. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт.

Паём: Дар асл дар ҳафт сол иқтисод рукуд кард ва маҷмӯъаи маҳсулоти дохилӣ 20 фоиз камтар шуд. Раҳмон рақамҳоро бо сомонӣ зикр кард, аммо аз зикри онҳо бо доллар худдорӣ намуд. 45,6 миллиарди соли 2013 бо қурби ҳамонвақта $9,58 млрд мешавад ва 78 миллиарди имсола $8,05 млрд. Яъне ММД Тоҷикистон дар ҳафт сол $1,53 млрд камтар шуд. Ин нишондиҳанда ба ҳар сари аҳолӣ боз риққатовартар аст: Дар соли 2013 ММД ба ҳар сари аҳолӣ 1040 долларо ташкил медод. Агар пешбинии ҳукумат амалӣ шаваду имсол ММД $8,2млрд-ро ташкил диҳад он ба ҳар сари аҳолӣ 890 долларро ташкил хоҳад дод. Дар ҳоле, ки дар нӯҳ моҳ ММД $5,4 млрдро ташкил додааст ва агар бо ҳамин суръат идома кунад, нишондиҳандаи солонаи он аз $7,5 млрд бештар нахоҳад шуд.
Э.Р. Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд.
Паём: Ин ҳам фиреби назар ва рақамбозист. Дар асл буҷаи соли 2013 $2,7 млрд-ро ташкил медод, буҷаи соли 2019 бошад, ҳамагӣ $2,4 млрд.-ро
Э.Р. Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард.
Паём: Қурби сомонӣ низ дар ин давра беш аз ду баробар пасттар шудааст.
Э.Р. Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд.
Паём: Дар асл бахши хусусӣ ҳеҷ рушде надоштааст. Воқеъият ин аст, ки даҳҳо корхонаи давлатӣ ё аз кор монданд ва ё аз тарафи домоду қудоҳои раисҷумҳур хусусӣ карда шуданд.

Э.Р. Ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд. Танҳо солҳои 2016-2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин саҳми Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ мебошад. Илова бар ин, дар заминаи ислоҳоти татбиқнамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир шумораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор шаш баробар кам шудааст. Агар соли 2016 шумораи чунин санҷишҳо қариб 300 ҳазорро ташкил дода бошад, соли ҷорӣ ҳамагӣ 48 ҳазорро ташкил кардааст.
Паём: Дар натиҷаи ин дастгирии ҳукумат дар ин се сол ҳудуди 600 ҳазор соҳибкор аз фаъолият даст кашиданд. Танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ 260 000 соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро қатъ карданд. Дар ин бора Агентии омори назди раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ додааст. Аз шумори умумии соҳибкорон танҳо дар нӯҳ моҳи соли 2019 22,5%-и онҳо аз идомаи фаъолият даст кашидаанд
Э.Р. Дар солҳои 2013-2019 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар 57,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки қариб 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.
Паём: Инҷо ҳам раисҷумҳур рақамбозӣ мекунад ва ҳақиатро намегӯяд. Дар асл саҳми Чин дар сармоягузори торафт афзоиш ёфта ба 52 дарсад дар соли 2018 ва беш аз 60 дарсад дар соли 2019 расидааст. Соли 2018 ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба Тоҷикистон 644,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст, (328 миллион сармоягузории мустақим ва 317 млн қарзу грант) ташкил додааст, ки 330,5 млн ё 51,3 дарсади он ба Чин таъаллуқ дорад. Ҷоилибтар аз ин он аст, ки айнан ҳамин миқдор сармоя ба соҳаи истихроҷи маъдан ҷалб шудааст. Маъдане, ки Чин истихроҷ карда ба кишвараш мебарад ва дар аксар ҳолатҳо ҳатто андоз намесупорад.
Ҳамчунин вуруди сармоя ба Тоҷикистон торафт камтар мешавад. Тибқи як гузориши Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2017 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон 14.3 дар сад коҳиш ёфтааст. Масъулони Бонки ҷаҳонӣ зимни баррасии вазъи иқтисодии минтақа рӯзи 13-уми уми июл гуфтанд, ки сабаби аслии кам шудани сармоягузорӣ, идомаи бӯҳрони бонкӣ ва боқӣ мондани нобоварии сармоягузорони хориҷӣ аст. Ҳаҷми воридоти сармояи мустақим ба Тоҷикистон соли 2018 дар муқоиса ба соли 2017 ҳудуди 27,7 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Э.Р. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардидааст.
Паём: Дар асл истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ на се баробар, балки ҳамагӣ 25% зиёд шудааст: аз $2,2 млрд ба $2,8 млрд ва он ҳам асосан аз ҳисоби корхонаҳои муштарак бо Чин, ки қисми асосии даромадашро Чин мегирад.
Э.Р. Соли 2019 таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи 5,5 миллиард сомонӣ оғоз гардида, татбиқи чунин лоиҳа дар нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” аввали соли 2021 ба анҷом расида, дар натиҷа иқтидори он қариб 45 мегаватт зиёд карда мешавад.
Соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ (яъне Лахш) ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаихумб — Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ, Ҳулбук — Темурмалик ба маблағи 200 миллион сомонӣ ва сохтмони пули ҳафтуми дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афгонистон дар мавзеи Кокул бо 18 километр роҳи мошингард ба маблағи 70 миллион сомонӣ ва дигар лоиҳаҳо оғоз меёбанд. Ҳоло таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе — Бохтар, Ҳуҷанд — Исфара, Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин, Шкев — Қалъаихумб, Кӯлоб — Муъминобод ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ идома дошта, роҳҳои зикршуда то ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
Паём: Ҳамаи ин корҳо аз ҳисоби қарзу грантҳои хориҷӣ анҷом дода мешаванд ва ҳукумати Раҳмон ба ҷуз дуздидани қисмате аз ин қарзу грантҳо, ҳеҷ саҳме дар он надорад.

Э.Р. Бояд гуфт, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд.
Паём: Тибқи нақша гуфтани раисҷумҳур собит месозад, ки соҳибкорону шахсони саховатпеша на ихтиёрӣ, балки тариқи маҷбуркунӣ аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ ин корҳоро анҷом додаанд. Вале ҳар тавр ҳам ки ҳаст, саховати мардум ба дастовардҳои ҳукумати ноӯҳдабарои Эмомалӣ Раҳмон чӣ дахл дорад?
Э.Р. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз як миллион нафар сайёҳон аз мавзеъҳои нодири кишвари мо дидан кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 20 фоиз зиёд мебошад.
Паём: Ин дурӯғро қаблан Кумитаи ҷавонон ва рушди сайёҳӣ гуфта буд. Баъдан Агентии омор эълон кард, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 960 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид шудаанд, ки ҳамагӣ 3,4 дарсади онро сайёҳон ташкил медиҳанд. Яъне дар соли рушди сайёҳӣ аз Тоҷикистон ҳамагӣ 33,3 ҳазор сайёҳ дидан кардааст. Аммо раисҷумҳур дурӯғи такзибшударо дар паёмаш дубора эълон мекунад.

Э.Р. Мардуми мамлакат барои иҷрои ниёзҳои динии худ дар як муддати кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 5 ҳазор масҷид бунёд карданд.
Паём: беш аз 3 ҳазори ин масҷидҳо аз тарафи ҳукумат ғасб карда шуда, ба идораҳои давлатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва ҳатто дискотека табдил дода шуданд.
Э.Р. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли ҷорӣ шумораи шаҳрвандони мо, ки берун аз кишвар фаъолияти меҳнатӣ доранд, қариб 60 фоиз кам шудааст, ки ин натиҷаи рушди иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар мебошад. Шумораи аз ҳама зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ 1 миллиону 100 ҳазор нафар ба соли 2010 рост меояд. Соли ҷорӣ ин рақам 486 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Паём: Ин рақами ироакардаи Раҳмон бо омори русҳо беш аз ду маротиба фарқ мекунад. Чанде қабл сафири Русия ар Тоҷикистон шумори муҳоҷирони кории тоқики машғули кор дар Русияро беш аз як миллион гуфта буд. Мантиқ ҳам хилофи гуфтаҳои раисҷумҳур аст. Барои он ки 600 ҳазор нафар ба ҷои кор таъмин шаванд, бояд ҳазорҳо корхона бунёд мешуд. Аммо омор мегӯянд, баръакс корхонаҳо аз кор монда истодааанд. Масалан моҳи июни соли 2017 Шавкат Бобозода, Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфта буд давоми шаш моҳи ин сол 175 корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон аз фаъолият бозмондааст. Дар ҳамин муддат ҳамагӣ таъсиси 78 корхона ба қайд гирифта шудааст.
Ё моҳи июни имсол мақомоти ҳукуматӣ дар вилояти Хатлон эълом карданд, ки аз оғози соли 2019, 188 корхона ва коргоҳ дар ин минтақа аз кор афтодаанд, ки ин амр муҷиби бекор шудани 6 ҳазор коргар шудааст.
Ин гуна мисолҳоро метавон даҳҳо овард, ки собит мекунад баръакс дар 7 соли охире, ки Раҳмон дар борааш ҳисобот медиҳад, садҳо, ҳатто ҳазорҳо корхона аз фаъолият монда, даҳҳо ҳазор одам бекор шудааст.
Э.Р. Яъне нишондиҳандаҳои дар соли 2013 пешбининамудаи барномаи номзад ба Президенти кишвар барои 7 сол, дар маҷмӯъ, иҷро гардиданд.
Паём: Дар ин 7 сол бо “ҳидояту раҳнамоӣ”-и “Пешво” ва чораҳои андешидаи ӯ Тоҷикистон дар сатҳи 10 кишвари ақабмондатарини дунё, ки 7-тояш кишвари африқоист, ҷой гирифт. Агар ин махлуқи Худо ё кадом узви оилаи гуруснааш 7 соли дигар раҳбарии кишварро ба даст гиранд, Тоҷикистон тамоми рӯйхатҳо берун карда хоҳад шуд.
