Қатъи интернет дар Эрон бо баргузори маросими чиҳилуми кушташудагон нооромиҳои ахир афзоиш ёфт. NetBlocks, ниҳоди нозир бар трофики интернети ҷаҳон эълом кард, ки қатъӣ интернет ҳадафманд будааст. Ҳамзамон бо қатъӣ интернет теъдоде низ боздошт шуданд.
NetBlocks, ниҳоди нозир бар трофики интернети ҷаҳон бо таъйиди ихтилол дар иртибототи телефони ҳамроҳ дар Эрон эълом карда, ки шавоҳиди мавҷуд, баёнгари як ихтилоли ҳадафманд аст, на як масъалаи байналмилалӣ.
Қатъӣ интернет дар Эрон рӯзи панҷшанбе бо маросими чиҳилуми кушташудагони нооромиҳои ахир шиддат ёфт. Ниҳодҳои амниятӣ шуморе аз ширкаткунандагони ин маросимҳоро боздошт карданд.
Бар асоси гузориши Дойче велла чораҳои амниятии сангине дар марокизу маёдини калоншаҳрҳо ва ба вижа дар маҳалли дафни кушташудагони нооромиҳои моҳи ноябр ҳоким будааст, теъдоде аз афроде, ки дар ин рӯз барои баргузории чиҳилуми кушташудагон таҷаммӯъ карда буданд дастгир шуданд. Ниҳодҳои амниятӣ ва қазоии кишвар ҳанӯз теъдоди боздоштшудагонро расман эълом накардаанд.
Ҳамзамон бо ин дастгириҳо дастрасӣ ба интернет низ маҳдуд шуд. Сайти “NetBlocks”, ки маҳдудитҳои интернетиро дар саросари ҷаҳон расад мекунад, шомгоҳи панҷшанбе гузориш дод иттисол ба интернет аз тариқи мобайл дар Эрон ба камтар аз панҷ дарсад расидааст.
Як “манбаъи огоҳ дар вазорати иртиботот ва фановарии иттилоот” иллати маҳдудияти интернетиро “трофики байналмилалӣ” дониста буд.
NetBlocks дар твитте, ки дар ин бора мунташир карда хабар додааст, ки дастрасӣ ба интернет дар 48 соати гузашта маҳдудтар шуда ва дар ҳоли ҳозир иттисол ба интернет аз тариқи телефони ҳамроҳ ба панҷ дарсад расидааст.