Дар пайи ҳамлаи ҳавоии Амрико ба пойгоҳи низомии шабҳинизомиёни шиъа – Ҳашд-уш шаъби дар устони Анбор дар ғарби Ироқ даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.
Шибҳинизомиёни Ҳашд-уш шаъби дар Ироқ бо интишори иттилоияе эълом кард: Дар пайи ҳамлаи ҳавоии Амрико ба пойгоҳи ин шибҳинизомиёни шиъаи Ҳашд-уш шаъби дар минтақаи Ал-қоъим дар устони Анбор дар ғарби Ироқ даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.
Дар ин баёния таъкид шудааст, ки ин ҳамла бо ҳавопаймои бидуни сарнишини мусаллаҳи Амрико сурат гирифта ва ҳамалот ҳамчунон идома дорад.
Ин пойгоҳ дар моҳи августи гузашта низ ҳадафи ҳамлаи мушобеҳӣ қарор гирифта буд.
Ҳамчунин Ҷонатан Ҳофман, муовини вазири дифоъи Амрико эълом кард, ки 5 мавзеъи гурӯҳи Ҳизбуллоҳ мавриди ҳимояти Эрон дар Ироқ ва Сурияро ҳадаф қарор додаанд.
Ҷонатан Ҳофман, муовини вазири дифоъи Амрико бо интишори баёнияе эълом кард: 5 мавзеъи гурӯҳи Ҳизбуллоҳ дар Ироқ ва Сурия, ки мавриди ҳимояти Эрон аст, ҳадафи ҳамлаи нерӯҳои Иёлоти муттаҳида қарор гирифт.
Дар ин баёния омадааст: Ин ҳамла дар вокуниш ба ҳамалоти гурӯҳи Ҳизбуллоҳ ба пойгоҳҳои низомии маҳалли истиқрори нерӯҳои эътилоф дар Ироқ сурат гирифтааст. Ҳамалоти дақиқ падофандӣ тавоноии гурӯҳи Ҳизбуллоҳ барои ҳамла ба нерӯҳои эътилоф дар ояндаро коҳиш медиҳад. Ин мавозеъ шомили анборҳои аслиҳа ва марокизи фармондеҳӣ ва контрол аст, ки ин нерӯҳо барои барномарезӣ ва анҷоми ҳамалот ба нерӯҳои эътилоф аз онҳо истифода мекунанд.
Гуфтанист эътилофи байналмилалии зидди Доъиш пештар эълом кард дар ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи низомӣ дар Киркуки Ироқ як корманди амрикоии он кушта ва чандин нафари дигар захмӣ шуданд.