Бонки миллии Тоҷикистон сабаби наҷоти ду бонки қаблан бузурги кишвар “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро шарҳ дод. БМТ мутмаъин аст, ки барҳамхӯрии ин бонкҳо ба иқтисоди кишвар зарари ҷуброннопазир ворид мекард.
Мутахассисони БМТ мегӯянд зери таъсири бӯҳрони глобалии молиявӣ-иқтисодӣ дар солҳои 2014-2016, чанд ташкилоти қарзии кишвар, аз ҷумла ду бонки асосии он “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” бо мушкилоти ҷидии молиявӣ рӯбарӯ шуданд, ки дар натиҷа ба муфлисшавии онҳо оварда расонд.
“Барҳамдиҳии ин бонкҳо “эффекти домино”-ро ба бор меовард, ки дар натиҷа барои иқтисоди кишвар авоқиби вазнин медошт. Пеш аз ҳама ин гурези саросарии сармоя (маблағи амонатгузорон) ва муфлисшавии дигар ташкилотҳои қарзии бузург мебуд, ки ба низоми қарзии кишвар зарбаи шадид ворид месохт” – мегӯянд мутахассисони бонк.
Онҳо таъкид мекунанд, ки он замон бинобар буҳрон ба ҳукумат ва Бонки миллӣ лозим омад аз эффекти вокуниши занҷиравӣ пешгирӣ кунад, ки метавонист ба бадшавии вазъи молиявии бонкҳову дигар ташкилотҳо ва тезутунд шудани вазъи иҷтимоӣ ва аздастравии боварии мардум ба бонкҳо оварда расонад.
Гуфтанист, охири соли 2016 ҳукумат барои наҷоти ин ду бонк 3,3 миллиард сомонӣ кӯмак ҷудо кард.
Дар Бонки миллӣ мегӯянд дигар ин ду бонк бонкҳои асосии кишвар нестанд ва вазъи молиявии онҳо ба суботи молӣ таъсири чандоне надорад. Гуфта мешавад мавқеъи ин ду бонкро бо оҳистагӣ бонкҳои дигари вазъи собиттардошта касб карданд.
Охири моҳи соли ҷорӣ раҳбари БМТ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ба вакилони парлумон гуфт, ки иҷозатномаи ин ду бонк бозхонд намешаванд, чун кам-кам вазъи онҳо беҳтар мешавад.