Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва муовини ӯ Маҳмурод Одинаевро ба бинои Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсӣ роҳ надоданд. Дар ин бора Одинаев дар гуфтугӯ бо радиои Паём хабар дод.
Ба гуфтаи муовини раиси ҲСДТ, онҳо барои гирифтани посухи мактуби қаблан ба ин ниҳод ирсол кардаи Зоиров ба бинои КМИР рафтаанд, аммо бо ваъдаи дертар расонидани посух ба дасти онҳо, аз дари бино ақаб ронда шудааанд.
Одинаев гуфт онҳоро дар даромадгоҳ размомӯзи (прапоршик) Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қабул ва суолуҷавоб кардааст. Аснои гуфтугӯи онҳо як корманди ҷавони КМИР берун омада аз онҳо саббаи омаданашонро мепурсад. Вақте ҳайати ҲСДТ мегӯянд, ки барои гирифтани посухи мактуб омадаанд, корманди КМИР посух медиҳад, ки посух ба зудӣ ба нишонии онҳо ирсол хоҳад шуд.
Ин корманди КМИР ҳамчунин гуфтааст, ки бино тоза дар ихтиёри Кумитаи интихобот қарор гирифтааст ва алъон дар он кормандони ин ниҳод ҳузур надоранд. Ба гуфтаи Одинаев корманди КМИР ба размомӯзи КДАМ бо ишораи чашм фаҳмондааст, ки ҳайати ҲСДТ-ро аз дар берун кунад.
“Маълум буд, ки дари ин бино ба рӯи мо баста аст, бо ҳадафҳои гуногун намехоҳанд моро қабул кунанд ва намехоҳанд мо дар интихобот ширкат кунем. Албатта ҳадаф, фармон, ғараз як аст” – гуфт Одинаев ба Паём.
Гуфтанист, қбалан раиси ҲСДТ Раҳматилло Зоиров бо муроҷиъат ба раисҷумҳур ва КМИР хостори лағви гарави интихоботи шуда буд.