Як сокини ноҳияи Конибодом дар аризаи шикоятиаш ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон навиштааст, ки кормандони милисаи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров падари 79-солаи ӯро бо туҳмат ба таҷовуз ба номус айбдор ва худи ӯро шантаж кардаанд. Матни ин аризаи шикоятӣ дар сомонаи Ахбор нашр шудааст.
Муродҷон Юсупов, сокини Конибодом дар аризаи шикоятии худ навиштааст, ки падараш Ӯктамҷон Юсупови 79 соларо кормандони милитсияи ҷамоати Хистеварз, рӯзи 29 август, бо сохтакорию фиреб ба хонаи қаблан барои ҷиноят тайёркардаашон ғайриқонунӣ оварда, бо роҳи зӯроварӣ ва фиреб ба луч шудан ва иҷрои корҳои номатлуб маҷбур мекунанд ва ин ҳолатро ба навор гирифта, бо роҳи тамаъҷӯӣ ва шантаж ба Муродҷон Юсупов мегӯянд, ки гӯё падараш ба таҷовуз ба номуси касе айбдор карда мешавад ва онро тариқи телевизион ва Интернет паҳн мекунанд.
Кормандони мақомот дар ҳақиқат ин наворро аз санаи 16 сентябр то 3 октябри соли ҷорӣ тариқи якчанд шабакаҳои телевизиони вилояти Суғд, Телевизиони давлатии “Сафина”, маркази матбуоти Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва якчанд сомонаҳои Интернет паҳн кардаанд.
Дар аризаи шикоятӣ омадааст: “падарамро як рӯзи дароз ғайриқонунӣ дар ҳабс нигоҳ доштааст, ки ин ба саломатии рӯҳии падарам таъсири худро расонидааст. Аз рӯзе, ки ин воқеъа рӯй дод, падарам саломатиашонро гум кардаанд. Карахт-карахт мегарданд, ба саволҳо ҷавоб дода наметавонанд, ё ягон гапи гуфтаашонро чандинбора такрор мекунанд”.
Дар охир Муродҷон Юсупов навиштааст, ки ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқи худ ва оилааш, ҳимояи шаъну шарафи падараш дар назди ҷамъият, ки аз тарафи чунин шахсони сохтакор поймол карда шудааст, дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми воситаҳои ахбори омма ва дигар ташкилотҳои байналмиллалӣ, то ҷон дар рамақ дорад мубориза мебарад.
Ин сокини Конибодом аз раисҷумҳур хоҳиш кардааст, то раисҷумҳур як шахс ё гурӯҳи корие, ки аз фасодкорӣ дур, боадолат, бовиҷдон, бомаданият ва босавод бошанд ташкил дода, ин қазияро одилона тафтиш намоянд ва ба гунаҳкорон ҷазои сазовор диҳад.