Раиси вилояти Суғди Тоҷикистон бо раиси вилояти Ботканди Қирғизистон дар марзи муштараки ин ду кишвар дидор анҷом дода, ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба , парҳез аз хушунат ва даргирӣ ва эътимодсозӣ миёни сокинони рӯстоҳои марзии ду кишвар таъкид карданд.
Тавре сомонаи қирғизии Аки Пррес хабар медиҳад, Раҷаббой Аҳмадзода ва Акрам Муҳаммад Умаров дар ин дидор, ки дар рӯстои Оқтотири ноҳияи Ботканд бо ҳузури масъулони шаҳрҳо ва ноҳияҳои марзии вилоятҳои Суғд ва Ботканд баргузор шуд хостори поён додан ба муноқишаҳои марзӣ ва тезонидани корҳои аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон шуданд.
Манбаъи хабар менаисад, дар ин дидор таъкид шуд, ки бо иттилоърасонӣ аз музокираҳои мақомоти ду кишвар дар бораи минтақаҳои марзии аломатгузорӣ нашуда, сокинони бумии ин минтақаро аз иқдомоти анҷомшуда огоҳ кунанд то битавонанд ҳарчи зудтар ба тафоҳуми муштарак бирасанд.
Гуфтанист, бо вуҷуди музокираҳои мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои аломатгузории марзи муштараки 720 киллометрии ду кишвар дар 25 соли гузашта фақат 520 киллометр аз ин хатти марзӣ аломатгузорӣ шудааст.
Таъйин нашудани хатҳои марзии ду кишвар, даргирӣ ва танишҳои зиёдеро байни сокинони вилояти Суғд ва Ботканд ба иллати мушахас нашудани мизони истифода аз манбаъи об, роҳҳои иртиботӣ ва чарогоҳҳо эҷод кардааст.