Бархе аз намояндагони демократи маҷлиси Сенои Амрико ҳадаф қарор додани Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Эрон дар Ироқ ба дастури Трампро оғози як ҷанги билқувва донистанд.
Бархе аз намояндагони демократи маҷлиси Сенои Амрико дар твиттер дар вокуниш ба кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони Эрон, Доналд Трампро ба “савқ додани Амрико ба сӯи ҷанг” муттаҳам карданд.
Кристофер Скотт Мёрфӣ бо баёни ин ки Трамп пеш аз иқдом ба анҷоми ин ҳамлаи намояндагони Кунгираи Амрикоро дар ҷараён нагузоштааст ба изҳороти Пентагон мабнӣ бар он ки ин ҳамла “бо ҳадафи мамонаъат аз ҳамалоти бештари Эрон дар оянда” анҷом шуд низ ба шиддат вокуниш нишон дод.
Ӯ навишт: “Сулаймонӣ душмани Иёлоти муттаҳида буд, дар ин шаке нест. Савол ин ҷо аст оё Амрико бидуни муҷаввизи Кунгира, дуввумин фарди қудратманд дар Эронро террор ва ба сурати дониста як ҷанги минтақаии билқувваро оғоз кардааст?
Мрёфӣ дар идома тасреҳ кард: Тавҷеҳи ироа шуда барои ин террор, “ҷилавгирӣ аз ҳамалоти ояндаи эрониҳо” будааст. Як далел, ки мо умуман ба хотири он мақомҳои сиёсии хориҷиро террор намекунем ин бовар аст, ки чунин иқдоме боиси кушта шудани амрикоиҳои бештаре мешавад на амрикоиҳои камтар. Ин масъала бояд имшаб боиси нигаронии воқеӣ, мубрам ва амиқи мо бошад.”
Сенатор Ричард Блументал низ таъкид кард, ки Трамп бояд ба фаврият ба Кунгира ва мардуми Амрико дар ин замина тавзеҳ бидиҳад.
Гуфтанист манобеъи расмии расонаӣ дар Ироқ бомдоди имрӯз ҷумъа эълом карданд, ки Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Қудси Сипоҳи посдорони Эрон ба ҳамроҳи Абу Маҳди Муҳандис, ҷонишини фармондеҳи Ҳашд-уш-шаъбӣ дар ҳамлаи болгардҳои амрикоӣ дар Бағдод кушта шудаанд.
Бар асоси ин гузориш мақомҳои расмии Ироқ эълом карданд, ки Сулаймонӣ ва Абу Муҳандис замоне, ки бо ду худрав аз фурӯдгоҳи байналмилалии Бағдод хориҷ шуданд, ҳадаф қарор гирифтанд ва ҳар ду кушта шудаанд. Сипоҳи посдорони Эрон низ ин хабарро таъйид кард.
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон бо интишори паёме дар вокуниш ба кушта шудани Қосим Сулаймони дар Бағдод гуфт: “Интқоми сахте дар интизори ҷинояткороне аст, ки дасти палиди худро ба хуни ӯ ва дигар шуҳадои ҳодисаи дишаб олуданад”.