Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ӯзбекистон гуфт сарҳадаш бо Тоҷикистонро пурра аз мина тоза кардааст

$
0
0

Ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон эълом кард, ки безараргардонии қаламрави сарҳади худро бо Тоҷикистон аз минаҳо ба итмом расонидааст.

Тибқи маълумоти расонаишуда, ҷониби Ӯзбекистон дар поккорӣ аз минаҳо аз кумаки низомиёни Тоҷикистон истифода накардааст. Гуфта шудааст, ки поккорӣ аз безараргардонӣ аз минаҳо танҳо дар қаламрави Ӯзбекистон гузаронида шуд, чун дар ҳамин қаламрав минакорӣ шуда буд .

Ӯзбекистон қитъаҳои кӯҳистони сарҳадоти мушатарак бо Тоҷикистонро дар охири солҳои 90-уми асри гузашта минакорӣ карда буд. Он замон Тошканди расмӣ ин амалашро чунин шарҳ дод, ки гӯё воридшавии ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистонро ба қаламраваш пешгирӣ карданист.

Тибқи маълумоти Маркази миллии масоили минаҳои Тоҷикистон, тайи 20 соли охир аз таркиши минаҳои зиддипиёдагард 374 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳалок ва 485 тоҷикистонӣ ҷароҳат бардоштанд. Ин фоҷиаҳо натанҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки дар дохили ҷумҳурӣ низ рух додаанд. Дар бораи теъдоди одамони фавтида аз таркиши минаҳо дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон маълумоти дақиқ дастрас нест.

Дар ҷараёни безараргардонии минаҳо дар қаламрави Тоҷикистон дар ин давра 20 мутахассиси ин соҳа (сапёрҳо) захмӣ ва 2 нафари онҳо ҳалок шуданд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ва гуфтушуниди ӯ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибҳо созиш ҳосил карда буданд, ки то охири соли 2019 поксозии сарҳадоти муштарак аз минаҳоро ба итмом мерасонанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>