Ҳар як кишвар урфу одат, одобу фарҳанги худро дорад. Аммо дар тамоми кишварҳои дунё бо чеҳраи кушод салом додан, рамзи одобу ахлоқ аст.
Дар дини мо мусалмонон салом ҷойгоҳи махсуси худро дорад.
Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам саломро сабаби барпо гаштани муҳаббат байни мусалмонҳо эълон кардаанд.
Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадисе, ки Имом Муслим ривоят кардаанд, мегӯянд:
و الذي نفسي بيده لا تدخلون الجنة حتى تؤمنوا و لا تؤمنوا حتى تحابوا اولا ادلكم على عمل اذا فعلتم تحاببتم ؟ افشوا السلام بينكم
Қасам ба зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст. Шумоён дохили Ҷаннат намешавед, то замоне, ки имон наоваред ва имон намеоваред, то замоне, ки ҳамдигарро дӯст дошта бошед. Оё шумоёнро аз амале хабар диҳам, агар онро иҷро кунед, ҳамдигарро дӯст медоред? Саломро дар байни худ изҳор кунед.
Тарзи салом додан дар шариат бо каламоти мухсус аст, “Ассалому алейкум”, беҳтараш “Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ”.
Дар сунани Абудовуд омадааст, марде ба назди Паёмбар саллаллоҳи алайҳи ва саллам омада, “Ассаламу алейкум” мегӯяд, Паёмбар ба саломи ӯ ҷавоб дода, мегӯянд: Бо ин салом додан соҳиби даҳ аҷр шуд. Марди дигаре омада, мегӯяд, “Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳ”. Паёмбар ба ӯ ҷавоб дода, мегӯянд, соҳиби бист ҳасанот шуд. Марди севвумин омада, мегӯяд, “Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ”. Паёмбар ин бор мегӯянд: Соҳиби си ҳасанот шуд.
Дар шариат бо таҳияи “Ассалому алейкум” ба ҳамдигар салом додан, суннати муаккада аст. Аммо ҷавоби саломро додан ба иттифоқи уламо воҷиб мебошад. Ҳар вақто, ки ба шумо Салом дода шуд, бояд ҷавоби саломро диҳед.
Хоҳ шахси мусалмон, хоҳ ғайри мусалмон ба шумо салом дод, дар ҳол ҷавоби саломи онҳоро гардонед.
Аллоҳ дар сураи Нисо мефармояд:
و اذا حييتم بتحية فحيوا باحسن منها او ردوها
Вақте касе ба шумо салом дод, шумо ҷавоби онро болафзҳои аз он ҳам беҳтар ва ё ба мисли худаш ҷавоб диҳед.
Ояти карима мусалмонҳо ва ғайри мусалмонҳоро дар бар мегирад. Вақте мусалмоне ба шумо салом дод, вуҷубан ба саломи ӯ ҷавоб гардоред. Вақте ғайри мусалмоне, насронӣ ва ё нафари дигар салом дод, ба ӯ низ ҷавоби саломашро диҳед.
Ба иттифоқи уламо бояд ҷавоби саломи ғайри мусалмонҳо дода шавад. Албатта ғайри мусалмон, мисли мо “Ассалому алейкум” гӯён салом намедиҳад. Барои ҳамин ҳар лафзе, ки ҳамчун рамзи таҳният ба шумо дода шуд, мисли субҳ ба хайр ва ё рӯзи хуб дошта бошед, ба ҳар забон ҳам, ки бошад, шумо низ субҳи шумо низ ба хайр гӯён ҷавоб медиҳед. Баъзан дар кишварҳои Аврупо ба ҷои салом додан, танҳо лабханд мезананд, бо табассум ба сӯи шумо нигоҳ мекунанд, ин рафтори онҳо як тарзи салом додан, маҳсуб мешавад, дар ин ҳолат шумо низ бо чеҳраи кушод ба ин саломи рамзи ҷавоб диҳед.
Ин буд оиди ҷавоби салом додан ба ғайри мусалмонҳо. Ҳоло мегузарем ба масалаи салом додан.
Солҳои охир аксарияти мусалмонҳо ҳам арабу ҳам аҷам роҳи муҳоҷират ба Аврупоро пеш гирифтаанд. Аврупо барои мусалмонони бепаноҳ кишвари амн ва шароити зисти беҳтарро дорад. Албатта дар қатори муҳоҷирони кишварҳои дигар ҳамватанони мо низ кам нестанд. Духтараки мактабхоне, ки дар Тоҷикистони ҳама аҳолиаш мусалмон бо сатри исломиаш ба мактаб рафта наметавонад, дар аврупои масеҳинишин бемушкилӣ бо сатри худ ба мактаб меравад. Хоҳари ҳиҷобдоре, ки дар кӯчаҳои Тоҷикистон барои сатрдориаш ҷарима баста мешавад, танқиду танбеҳ мешавад, дар Аврупо озод дар кӯча қадам мезанад. На милисае, на танзиму раиси бонувони кишвар аз паи вай “Ҳой ҳиҷобдор” гӯён намедаванд.
Дар ҳақиқат хеле талх ва дилрешкунанда аст, вақте кишваре бо 96 дарсад аҳолии мусалмон бо ҳар роҳе зидди фарзҳои ислом, рамзҳои ислом меҷангаду аз паи нобуд сохтан аст. Аммо кишварҳои дигар бо доштани 90 дарсад масеҳӣ ба муқаддасоти Ислом эҳтиром қоиманд.
Дар ҳаёти ҳозира, ба ҳар кишваре ҳиҷрат кардед, маҷбур ҳастед бо мардуми он кишвар омехта гардед, бо онҳо як роҳи муносибатро пайдо кунед. Гӯшанишинӣ дар давлати муҳоҷират худро аз мардум канора гирифтан аз чанд тараф ба шумо халал меоварад.
Пас аз ҳодисаи 11 сентиябр дар дили мардум нисбати мусалмонҳо ваҳм пайдо шудааст. Вақте мардуми ғарб мусалмони хомӯш ва худро аз мардум пинҳону ҳамеша бо чеҳраи гирифтаро мебинанд, дар ҳол аз ӯ шубҳа мебаранд, ба полис занг мезананд, аз будани ин шахс шикоят мебаранд.
Дар хориҷ тавре бояд зист, ки амнияти худи мо зери савол наравад, мардуми атроф аз мо натарсанд. Албатта вақте ба ҳамсоя ва ё нафарони дар атроф буда, бо чеҳраи кушод салом медиҳед, якбора андешаашон нисбати шумо дигар мешавад.
Баъзе хоҳару бародарони муҳоҷир оиди салом додан ба куффор мепурсанд. Оё ба мусалмоне, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунад, ҷоиз аст, аввал шуда ба ғайри мусалмон салом диҳад. Аксарият аз ҳадисе мепурсанд, ки дар он аввал шуда ба яҳуду насрони салом надиҳед, зикр шудааст.
Дар китоби Муслим омадааст, ки Паёмбар мегӯянд:
لا تبدؤوا اليهود و النصارى بالسلام
Шумоён аввал шуда ба яҳуд ва насрониҳо салом надиҳед.
Ин ҳадис сароҳатан аз аввал шуда салом додан ба ғайри мксалмонҳо манъ мекунад.
Аммо оиди татбиқи ин ҳадис дар замони ҳозир уламо андешаи худро доранд.
Дар ҷамъиятии фатвои уламои омадааст:
Вақте шумо дар давлати худ ҳастед, атроф ҳама мусалмон ҳастанд, ғайри мусалмоне дар байни шумо зиндагӣ мекунад, дар ин вақт бигзоред, саломро ӯ оғоз кунад.
Аммо вақте шумо ба давлати куффор ҳиҷрат кардед, сафар кардед ва дар байни онҳо зиндагӣ доред, дар ин вақт барои аз хатар худро наҷот додан, худро шахси хатарноку дағал нишон надодан, ҳеҷ боке надорад, агар шахси мусалмон саломро шурӯъ кунад.
Албатта, саломе, ки дар урфи он кишвар, ҳамчун таҳният шинохта шудааст. Мисли марҳабо, рӯзи хуб дошта бошед, саломат бошед ва дигарҳо.
Вақте дар ҳамсоягӣ бо масеҳиён зиндагӣ доред, ҳар рӯз онҳоро мебинед, баъзан аз онҳо чизе мепурсед ва ё онҳо аз шумо мепурсанд, имкон надорад, салом надода зиндагӣ кунед. Ин як навъ бадахлоқӣ ҳисобида мешавад, шуморо ба кунҷнишиниву инзиво мебарад. Ба мактаби кӯдакатон меравед, албатта вақте ба назди муаллим наздик шудед, одоб ин аст, ки шумо аввал ба устоди кӯдакатон салом диҳед, на ин ки мунтазири салом додани ӯ бошед. Дар ҷойи кор, дар назди табиб, ба ҳар ҷойе, ки барои коре рафтед, бояд бо салом шурӯъ кунед, онҳое, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба ғайри мусалмонон салом додан, ҷоиз нест, гӯён даъво мекунанд, ин масаларо васеътар нигоҳ кунанд.
Имом Табарӣ мегӯянд, салом додан ба куффоро иддае саҳобагон ҷоиз донистаанд ва амалӣ ҳам кардаанд.
Боре Абдуллоҳ ибни Масъуд саҳобии ҷалил ба шахси кофире, ки дар яке аз сафарҳо ҳамроҳашон буд, аввал шуда салом медиҳанд.
Алқама шогирдашон инро дида ба Ибни Масъуд мегӯяд:
Абуабдураҳмон магар аввал шуда салом додан ба куффор макрӯҳ нест?
Ибни Масъуд мегӯянд: Оре, макрӯҳ аст. Аммо ман барои бо ҳам ҳамсафар будан, салом додам. Ӯ ҳамсафари ман буд, ҳаққи ҳамнишинӣ дорад.
Чӣ гуна мешавад бо як нафар ҳамсафар бошем, дар ҳамсоягӣ зиндагӣ кунем ва салом надод.
Яке метавонад бо тундиву тангназари ҷони худ ва ҷони чандин нафарро дар кишварҳои бегона ба хатар барад, дигаре бо ҳикмату рафтори ҳакимонаи худ садҳо нафарро ба Ислом даъват кунад. Баробари ин сахтиҳои ҳиҷратро ба осони пушти сар кунад. Дар масъалаҳои муҷмал ҳамеша содиқона кофтукоб кунед, дар ин замону дар ин шароит ба ҷои эҳсосияту таассубият бо роҳи ҳикмат пеш равед. Бигзор, ҳиҷарати шумо пур аз баракату раҳмати Илоҳӣ бошад.
Муслимаи Аҳмадӣ