Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

ИМА ба Ховари Миёна наздики се ҳазор сарбози дигар мефиристад

$
0
0

Хабаргузории Рейтерз навиштааст, ки ин тасмим ба хотири афзоиши таҳдидҳо ба унвонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гирифта шудааст.

Сарбозон дар Кувайт ҷо ба ҷо мешаванд. Ба ин кишвари Ховари Миёна аввали ҳафта 750 низомии амрикоӣ сафар карда буданд.

Эрон ваъдаи «қасос аз қотилон”-и Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони Эронро додааст.

Қосим Сулаймонӣ субҳи рӯзи 3-уми декабр дар наздикии фурудгоҳи Бағдод, пойтахти Ироқ кушта шуд.

Доналд Трамп, президенти Амрико гуфт, ки супориши кушта шудани Сулаймониро ӯ додааст.

Аз моҳи майи соли 2019 то кунун дар Ховари Миёна 14 ҳазор низомии амрикоӣ мустақар шудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles