Шоми рӯзи гузашта, 28 уми октябри соли равон ба муддати 2 соату 20 дақиқа дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ба ҷуз аз вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон нерӯи барқ хомӯш гардид.
Сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ дар шарҳи ин ҳодиса гуфтааст, ки соати 18:29 дар натиҷаи нуқсони баамаломада ҳимояи сиддисадама ба таври автоматӣ фаъол шуданааст ва агрегатҳои нерӯгоҳҳои кишвар баякборагӣ аз кор мондаанд.
Вай афзудааст, ки мутахассисони коргоҳ марҳила ба марҳила чораҳои бартараф сохтани нуқсонҳоро андешидаанд ва агрегатҳои нерӯгоҳҳо дубора фаъол гашта, ба сӯи хонаҳои мардуми кишвар барқ интиқол ёфтааст.
Ёдгорӣ таъкид кардааст, ки раиси “Барқи тоҷик” аз тариқи ВАО и ҷумҳурӣ баромад карда, барои нороҳатии ғайричашмдошт узр пурсидааст. “Барқи тоҷик” дар чанд рӯзи пеш аз ин дар шарҳи баланд бардоштани нархи барқ барои аҳолӣ ва коргоҳҳои ҷумҳурӣ гуфта буд, ки сохтори энергетикии Тоҷикистон фарсудаву кӯҳна шудааст ва ба тармими фарогир ниёзманд аст.
Аммо коршиносон мегуфтанд, ки “Барқи тоҷик” аз ширкатҳое аст, ки ба далели фасодзадагии роҳбарияту кормандонаш зиёновар гаштааст ва аз ҳисоби боло бурдани нархи барқ мехоҳад, зиёнҳои худро ҷуброн созад. Нохушии шоми рӯзи гузашта бозгӯи он аст, ки системаи солҳо тармимнадидаи энерҷии тоҷик метавонад ҳар лаҳза аз кор монад ва дар натиҷа тамоми Тоҷикистонро бидуни барқ гузорад.