То ин шабу рӯз маддоҳони Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи радио ва телевизиони давлатӣ бо даҳанҳои пур аз кафк ҷор мезаданд, ки он чи ки пешвояшон дар даврони ҳукуматаш кард, давлати Шӯравӣ дар 70 сол накард.
Лекин садамае, ки имрӯз танҳо дар як иншооти замони Шӯравӣ, яъне дар ГЭСи Норак рӯй дод, ба ҳама собит намуд, ки пас аз 25 соли ба ном “истиқлолият” Тоҷикистон ҳоло ҳам бе иншооте, ки дар замони Шӯравӣ сохта шуда буд, вуҷуд дошта наметавонад. Дар ин чанд соате, ки Норак аз кор монд, Тоҷикистон пурра фалаҷ шуд ва ба Торикистон табдил ёфт. Ва ин дар асри 21 рӯй медиҳад. Ин аст натиҷаи сиёсати ғалат ва ғайримиллии зоте, ки худро пешвои миллат эълон кардааст. Ин аст натиҷаи болотар гузоштани манфиатҳои як оила нисбат ба манфиатҳои тамоми миллат. Ин аст натиҷаи сиёсати хешутаборбозӣ. Ин аст натиҷаи чашмгуруснагии беҳадду канори шахсе, ки тасодуфан ба сари қудрат омадааст. Ин қатъи сартосарии барқ дар Тоҷикистон як бори дигар нишон дод, ки кишвари мо то чи ҳад осебпазир, ки танҳо як халали техникӣ дар як ГЭСи Норак метавонад тамоми кишварро фалаҷ кунад ва ба Торикистон табдил созад. Акнун маддоҳон чи мегуфта бошанд?
Нуриддин Фархорӣ, рӯзноманигори мустақил