Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Дорюши Раҷабиён: «Деви бемағфират ба хона расид»

$
0
0

«Шуму беофият замона расид,
Деви бемағфират ба хона расид.

Ъилму андеша гурезон шуда бас,
Чашмҳо лонаи афғон шуда бас…»

Ин чанд байти зерин, ки тавассути Дорюши Раҷабиён, рӯзноманигори маъруфи тоҷик ва муассиси гурӯҳи «Забони порсӣ» дар Фейсбук таълиф шудааст, вазъияти феълии кишвар дар муқоиса бо таърихи ниёкон тасвир шудааст.

 

Шаҳри моро дубора бояд сохт,
Нардро инчунин набояд бохт…

***

Шаҳри мо маъмани ҷаҳоне буд,
Баҳри ъилму ҳунар чи коне буд!

***

Ъилми Суқроту калбиюну дигар,
Тиббу алҷабру аз кибору сиғар,

***

Ҳар чи буда, даруни мо мебуд,
Зарраҳояш ба хуни мо мебуд.

***

Ин ҳаюлои шуда роёна,
Ҳосили ъилми мост, ҷонона.

***

Ин тамошои телевизйунӣ,
Шабаҳи эътиёди афйунӣ,

***

Созае аз табори Хоразмист,
Ҳосили корубори Хоразмист.

***

Мавҷҳои тамоси ин телефун,
Бозгардад ба раги ин сару бун.

***

Хонаи мо дили ҷаҳонӣ буд,
Дасти мо ядди рабби сонӣ буд…

***

Шуму беофият замона расид,
Деви бемағфират ба хона расид.

***

Ъилму андеша гурезон шуда бас,
Чашмҳо лонаи афғон шуда бас…

***

Шаҳ-равони ҷаҳони гарданда,
Шому рӯзи хури дурахшанда,

***

Шоҳиди қиссаҳои мову шумост,
Монеъи ғуссаҳои мову шумост.

***

Дил қавӣ дор, ки боз оем мо,
Аз нишебе ба фароз оем мо.

 

Дорюши Раҷабиён,

Манбаъ: сафҳаи фейсбукии муаллиф


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>