Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Сохтмони сарбанди нерӯгоҳи “Роғун” расман оғоз гардид

$
0
0

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Президент ҳукумати Тоҷикистон 29 уми октябри соли равон ба сохтмони сарбанди нерӯгоҳи “Роғун” расман иҷозат дод. Дар ин маросим “Пешвои Миллат” Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми мақомдорони тоҷик, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, гурӯҳи зиёиён ва ҷавонони қаламрав ширкат доштанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба сохтани сарбанди ин нерӯгоҳ расман оғоз бахшидааст. Гуфта мешавад, ки ин барои Тоҷикистон як воқеаи таърихӣ буд ва барои бунёди сарбанди хеле бузурги “Роғун” маҷрои дарёи Вахш тағйир дода шуд. Дафтари матбуоти Президент дар робита ба ин тадбири муҳим гуфтааст, ки “ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад”.

Тоҷикистон аз давраи фурӯпошии давлати Шӯравӣ ба ин сӯ аз камбуди нерӯи барқ азият мекашад. Аслан ин кишвар дар Осиёи Марказӣ аз ҷамоҳири беназир бо захираҳои бойи об ба шумор меравад ва ин захоир имкон медиҳанд, ки дар рудхонаҳои ин қаламрав нерӯгоҳҳои бузурги обӣ бунёд шаванд. Тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” дар замони Шӯровӣ таҳия шуда, то даврони истиқлол 30 дарсади корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот ба иҷро расида буд, аммо дар солҳои минбаъда аз набудани маблағи зарурӣ сохтмони обамбор ва садди он мавқуф гузошта шуд. Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи обхези шадиди солҳои рафта корҳои дар замони шӯравӣ ба иҷрорасида ба коми дарё рафтаанд. Аммо ҳукумати Тоҷикистони мустақил талош варзид, ки тарҳи “Роғун” ро дубора рӯи даст гирад ва ин сохтмони барои мардуми ҷумҳурӣ бо ҳаёту мамот баробарро ба иҷро расонад.

Тақрибан даҳ соли охир нерӯгоҳи “Роғун” маншаи муноқишаҳо буд ва ба муқобилати шадиди кишварҳои поёноб, хоса Ӯзбакистон гирифтор омад. Ин кишвар иддао дошт, ки бо сохта шудани сарбанди бузурги Роғун аҳолии қаламрав ба хатарҳои бемисл рӯбарӯ хоҳанд шуд ва заминҳои мамолики поёноб дучори камобӣ хоҳанд гашт. Ин мушкил дар сатҳи созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ муҳокима шудааст ва инак, “Роғун” ин нерӯгоҳи пуровозаву сермуноқиша бо пойфишории Тоҷикистон расман сохта мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар расми иҷозати сохтмони садди ерӯгоҳи “Роғун” гуфтааст: “Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад”.

Назар ба маълумоти Дафтари матбуоти Президент, Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш ба ҳисоб рафта, аз боло нуҳум ба шумор меравад ва дар 110 километрии шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Гуфта мешавад, нерӯгоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки ҳар кадом имкони истеҳсоли 600 мегаватт барқро доранд. Сарбанди нерӯгоҳи “Роғун” 335 метр хоҳад буд ва баландтарин садди иборат аз гилу санг дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Иқтидори ин нерӯгоҳ 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт — соат) гуфта мешавад ва дар байни ҳамтоёни худ дар минтақа назир надорад.

Назар ба гуфтаи мутахассисон, иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи “Роғун” аз нерӯгоҳи барқию обии “Норак” якуним баробар зиёдтар мебошад. Дафтари мабтуоти Президент дар ин робита гуфтааст: “Обе, ки дар обанбори Роғун ҷамъ мегардад, барои истифода дар вақтҳои камборишӣ ва хушксолӣ ҳамчун манбаи захираи бузурги об аз он баҳрабардорӣ карда мешавад. Тибқи нақша навбати аввали нерӯгоҳ, яъне агрегати якум охири соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад. Ҳамин тавр моҳи декабри соли 2018 нерӯгоҳи Роғун ба истеҳсоли нерӯи барқ оғоз мекунад. Нури Роғун ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ ворид шуда ва барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад”.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles