Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон ба далели истифодаи шиносномаи хоҳараш маҳкум ба зиндон шуд

$
0
0

Додгоҳи шаҳри Бишкеки Қирғизистон як шаҳрванд-зани тоҷикро ба иттиҳоми талош барои сафар ба Русия бо шиносномаи хоҳараш ва вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави ин кишвар ба ду соли зиндон маҳкум кард.

Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, мақомоти додгоҳи шаҳри Бишкек эълом кардаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки исмаш шартан Г. Х. ном бурда шудааст, ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекардааст ва бо поёни муддати эътибори шиносномааш аз Русия барои аз нав гирифтани шиносномаи хориҷӣ ба Тоҷикистон омада буда, аммо ба далели тӯлонӣ шудани раванди дарёфти шиносномаи нав, тасмим мегирад, бо шиносномаи хоҳараш ва бо автобус аз қаламрави Қирғизистон ва Қазоқистон убур кунад ва вориди Русия шавад.

Бар асоси ин гузориш, вай муваффақ мешавад, бо шиносномаи хоҳараш аз ду посгоҳи марзӣ убур кунад, аммо ҳангоми хуруҷ аз қаламрави Қирғизистон барои вуруд ба Қазоқистон, марзбонони қирғиз ба иттиҳоми истифода аз шиносномаи шахси дигар ӯро боздошт намудаанд.

Мақомоти додгоҳии Бишкек ин шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми истифода аз шиносномаи шахси дигар ва вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Қирғизистон ба ду соли зиндон маҳкум кардаанд .

Ин мақомот муддаӣ шудаанд, ки ба дархости онон кормандони идораи полиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғди Тоҷикистон дар бораи моҷаро таҳқиқ карда ва эълом кардаанд, хоҳари ин зан, ки молики шиноснома будааст, гуфтааст, хоҳараш бидуни иттилои ӯ шиносномаашро рабуда барои сафар ба Русия истифода кардааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>