Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Матбуоти Тоҷикистонро чӣ қонуни наве интизор аст?

$
0
0

Интизор меравад, ки дар оянда Парлумони Тоҷикистон ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» тағйиру иловаҳо ворид намояд.

Масъалаи мазкур 31 октябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ шуд. Аммо ин тағйирот чӣ тағйироте хоҳанд буд, ҳанӯз маълум нест. Мо дар ин масъала аз ҳуқуқшиносону рӯзноманигорон назарашонро пурсидем.

Шокирҷон Ҳакимов, профессор ва доктори илмҳои ҳуқуқ гуфт: Ҳар тағйироте, ки ворид мекунанд, моҳияташ боз ҳам маҳдудтар кардани озодии сухану матбуот ва дастрасӣ ба манбаъи иттилоотӣ мебошад. Қонун ниёз ба тағйироте дорад ки ҳаққонӣ кафолати амнияти журналистонро дар робита ба касбу корашон таъмин намуда, мақоми онҳоро ҳамчун воситаи муҳим ва шарти асосии ошкорбаёнӣ ва ташаккули афкори нави сиёсӣ ҷиҳати ташаккули давлати муосиру муваффақ мусоидат кунад.

Қонуни матбуот сол аз сол дар Тоҷикистон ба қонунҳои замони шӯравӣ наздиктар мешавад. Ҳафтаи ҷорӣ нашри ҳафтаномаи “Нигоҳ” бинобар як хатои рафта дар шумораи аввали моҳи октябр бо фармони Вазорати фарҳанг боз дошта шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>