Масъалаи муҳоҷирини тоҷик дар Аврупо ҳам барои ҷомеаи кившар ва ҳам барои қисме аз масъулини аврупоӣ ба як воқеъият табдил гаштааст. Агар чанд моҳ пештар кам масъули муҳоҷирати аврупоӣ дар бораи Тоҷикистон ва мушкилоти сиёсии он медонист, ҳоло ин масъала чандон масъалаи ношинохта нест. Ҳадди ақал, барои чанд кишваре, мисли Лаҳистон, Олмон ва Утриш. Аммо, ин ба маънои он нест, ки паноҳандагони тоҷик ҳангоми убури марз ё ҳатто, пас аз он ҳам дучори мушкилот нахоҳанд гашт. Банда барои анҷоми масъулият ҳам бо муҳоҷирин ва ҳам бо масъулини кившарҳои пазиранда ва созмонҳои байналмилалии марбут чандин мулоқотҳо доштам ва дар натиҷаи ин мулоқотҳо маълумотҳо, фактҳо ва хулосаҳои зиёде ба даст омад, ки лозим донистам дар ин мақолаи кутоҳ қисме аз ин хулосаҳоро бинависам, то каме ҳам бошад, вазъи душвори муҳоҷирин барои ҷомеа ва масъулин ошкор гардад.
Мушкилии аввал, камбуди маълумот дар бораи Тоҷикистон ва вазъи сиёсивуамниятии он аст. Қисми зиёди масъулини марзбонӣ ва муҳоҷирати Аврупоӣ дар баи кившари мо тасаввуроте надоранд ва ҳатто номи кишварро ҳам то охири сӯҳбат дуруст талаффуз карда наметавонанд. Дар бораи роҳбарияти он, шакли идора ва вазъи имрӯзааш ҳеч маълумоте надоранд. Бар хилофи Сурия, Ироқ, Афғонистон ва ҳатто, Чеченистон, ки маълумоти кофӣ вуҷуд дорад ва барои як муҳоҷир зарур нест, ки ба афсари аврупоӣ »дарси география» ё ҷомеъашиносӣ бигзарад. Тибқи гуфтаи муҳоҷирини тоҷик, аввалин вокуниши афсари аврупоӣ ин аст: Дар шумо ҷанг нест ку?
Тафаккури шаблонӣ дар ҳама ҷо ҳаст. Барои як аврупоӣ ҳамаи муҳоҷирин ё аз ҷангу хунрезӣ мегурезанд ё аз қашоқиву мушкилоти иқтисодӣ. Агар дар кившари ту ҷанг нест, пас танҳо мушкилоти иқтисодӣ боиси ҳиҷрат гаштааст, ки барои як афсари аврупоӣ далели кофӣ барои ҳалли мушкилот маҳсуб намешавад. Дар зеҳни аврупоиҳо Русия як кишвари авторитарӣ аст ва агар касе аз Чеченистон ё дигар манотиқи ин кившар ба Аврупо паноҳанда шавад, шанси бештари пазируфта шуданро дорад, аз он, ки як тоҷик дошта бошад. Дар сурате, ки тоҷикҳо худ ба Русия ҳамчун минтақаи нисбатан амнтар ҳиҷрат мекунанд. Таблиғоти манфӣ алайҳи Русия ва Путин таъсири худро дар ин масъала ҳам расонидааст. Гуё дар Русия ҳуқуқи инсон бештар аз Тоҷикистону Узбакистон помол мешуда бошад. Барои як муҳоҷири тоҷик ҳам кори осон нест фаҳмонидани қазия, ки чунин нест. Агар дар Русия ҳуқуқи инсон помол мешавад, дар Тоҷикистон ба маротиб бештар аст.
Мушкилии дуввум, бесаводӣ ва тарси ниҳодинашуда байни муҳоҷирин аст. Таҷриба ва шиноси бо вазъи бисёре аз муҳоҷирин нишон дод, ки 90 дар сади онҳо воқеан мушкилии амниятӣ ва сиёсӣ доранд. Аз ноилоҷӣ хонаву дар, ҷои кор ва хешу таборро раҳо карда, ҳиҷрат намудаанд. Агарчи, байни муҳоҷирин одамони тасодуфӣ низ пайдо мешаванд, аммо, аҷоиби кор ҳам дар ҳамин аст, ки камтарин мушкилиро боз ҳамонҳо доранд ва бо ҳар роҳ мукшилоти худро ҳал мекунанд. Бисёре аз муҳоҷирин ё аз саросемагӣ ё аз ноогоҳӣ бидуни кадом санад ва мадраки исботкунандаи мушкилоташ ба марз меоянд. Ва дар суҳбатҳои аввалин наметавонанд афсари марзбонро мутақоид созад, ки воқеан мушкилот дорад. Надонистани забон, тарс ва камбуди таҷрибаи муошират боис мегардад, ки мушкилоташро шарҳ дода натавонад.
Ҳарчанд талош карда шуд, то аз рӯзи аввали ворид шудан ба хоки кишвари транзитӣ, мисли Украина ва Белорусия онҳо адвокатҳои тахассусиро бигиранд ва ё худро аз рӯзи аввал ба мақомоти муҳоҷирати ин кишварҳо биспоранд, ин тавсияҳо то ҳанӯз ба инобат гирифта намешаванд. Муҳоҷирин тоҷик талош мекунанд роҳи оромтар ва бегапу овозаро интихоб кунанд. Тарс боис гаштааст, ки қабл аз гузаштани марзи Аврупо мушкилоти худро аз ҳама пинҳон медоранд ва мехоҳанд бе сарусадо корашон ҳал шавад.
То ҳол ҳодисаи истирдоди муҳоҷирин тоҷик аз марзи Украина ва Белорусия ба Тоҷикистон дида нашудааст ва имкони он хеле заъиф аст. Аммо, тарси ниҳодинашуда аз ҳамаи мақомоти кившарҳои собиқ Шуравӣ боиси он гаштааст, ки онҳо худро амн эҳсос намекунанд. Аз расонаӣ шудани мушкилоташон ба шиддат ҳарос доранд.
Аммо, мушкилии савуум ва шояд асосӣ, ин риоят накардани қоидаҳо ва тартиботи лозима аст. Бахусус, аз тарафи муҳиҷрони қаблӣ, ки марзи Лаҳистонро гузаштанд. Тибқи қонунҳои муҳоҷирати кишварҳои Аврупо, паноҳандагон дар аввалин кившари воридшуда то ҳал шудани парвандаашон бояд боқӣ бимонанд ва кишварро тарк накунанд. Тарк кардани кишвари пазиранда ба самти кишвари дигари аврупоӣ, маънои онро дорад, ки ҳиҷрати ин шахс заминаи сиёсӣ ва амниятӣ надошта, дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтаре аст. Мавҷи аввали муҳоҷирини тоҷик, ки марзҳои Лаҳистонро пештар гузаштанд, қисми зиёдашон ин кившарро ба самти Олмон ва Утриш ва ё кишварҳои дигари аврупои марказӣ ва ғарбӣ тарк карданд. Ду далел таъсир расонд: а) Дар ин кишварҳо хешовандонашон аз қабл зиндагӣ мекарданд, б) кумаки иҷимоӣ ба паноҳандагон дар он кившарҳо нисбат ба Лаҳистон як каме беҳтар аст (агарчи тафовути нарх ҳам хеле болост, ки дар ниҳояти кор вазъи иҷтимоии ҳамаро баробар месозад). Ин ҳолат боис гашт, ки нисбати муҳоҷирин тоҷик дар Лаҳистон як навъ нобоварӣ ба вуҷуд омад. Агар қаблан муддати гузаштан тулонӣ набуд ва ё бо дахолати созмонҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ин раванд осонтар мегашт, ҳоло мақомти кившари Лаҳистон дар мулоқотҳо ба таври ошкор эълон карданд, ки чунин мушкилӣ вуҷуд дорад.
Бо супориши роҳбарияти ҳизб барои кумак ба мушкилоти муҳоҷирин дар марз чанд гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки дар якеаш камина будам ва бо чандин идораҳои ин кившар ва созмонҳои байналмилалӣ сӯҳбат доштем. Инчунин, ду гурӯҳи кории дигар дар хориҷ аз Лаҳистон бо дипломатҳои ин кившар дар бораи муҳоҷирин мулоқот намуданд. Пас аз омухтани гузоришҳо ва маълумоти ҳар се гурӯҳи корӣ маълум гашт, ки дар се мулоқоти алоҳида масъулони кишвари Лаҳистон аз як мушкили шикоят кардаанд: ба кившарҳои дигар рафтани муҳоҷирин тоҷик пас аз гузаштани марз. Ва ин боис гаштааст, ки барои мавҷҳои баъдии муҳоҷирин мушкилот ба вуҷуд биёяд. Бояд қайд кард, ки дар ҳар се мулоқотҳо масъулини ин кишвар изҳори омодагӣ барои ҳамкорӣ кардаанд, ба шарте ки аз тарафи худи муҳоҷирин вайрон кардани меъёрҳо сурат нагирад.
Мо масъулияти худ медонем, ки бо ҳар роҳи имконпазир каме ҳам бошад, мушкилоти ҳамватанони муҳоҷири худро сабуктар карда бошем. Аммо, бисёр мехостем, ки ҳамватанон чанд мулоҳизаи зеринро ба инобат бигиранд, то ҳам барои худ ва ҳам барои дигар ҳамватанонамон мушкилиҳои бештарро ба вуҷуд наоранд:
- Санадҳои лозимӣ ва факту далелҳои катбӣ, акс ва видеоҳоро ҳамроҳи худ дошта бошанд;
- Аз рӯзи аввали ворид шудан ба марзи Белорус ва ё Украина, ба созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари ин кившарҳо ва дигар мақомоти масъули паноҳандагони ин кившарҳо муроҷиат намоянд ва ба онҳо ошкор бигӯянд, ки мақсади ниҳоии онҳо рафтан ба кишваре амнтар аст ва дархости кумак намоянд;
- Бо адвокатҳо ва расонаҳои маҳаллӣ ҳамкории хуб дошта бошанд, то қазияи онҳо аз назари ҷомеаи он кишварҳо пушида намонад;
- Дар сурати гузаштан аз марз, ба таври ҳатмӣ дар хоки Лаҳистон боқӣ бимонанд ва тартиботи қабулгаштаро риоят намоянд. Ҳатто, касоне, ки наздиконашон дар кившари дигаре зиндагӣ мекунанд ҳам, бояд як муддат онҷо боқӣ бимонанд ва аз роҳҳои қонунӣ ба наздикони худ бипайванданд. Зеро, вайрон кардани тартибот ҳам ба парвандаи худи онҳо ва ҳам ба кулли тоҷикон таъсири манфӣ хоҳад расонд.
- Дар сурати пайдо гаштани мушкилот талош кунанд ба ғайр аз созмонҳои байналмилалӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи башар, ба фаъолони сиёсии тоҷик, ки дар Аврупо ба сар мебаранд, вазъиятро худро бирасонанд ва аз таҷрибаву имконоти онҳо низ истифода намоянд;
- Хуб мешуд, ҳама ҳамватанони мавҷуд дар Аврупо, ба хусус, фаъолони ҳуқуқи башар, рӯзноманигорон, фаъолони сиёсӣ ва ҳизбу ҳаракатҳо дар масъалаи кумак ба муҳоҷирини тоҷик талоши муштарак ва ҳамоҳангшуда анҷом медоданд, то самари бештар дошта бошад.
- Дар сурати зарурат, муҳоҷирони тоҷик метавонанд, ба унвонҳои зерин дар тамос шаванд: E-mail: depmigr@gmail.com ва Ватсапу Вайбер: +4915733268455 ва +905511273038.
Муҳаммад Зоҳир,
Муовини раиси департаменти ҳуқуқ ва муҳоҷирати ҲНИТ