Хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, ки кишварҳои туркзабони дунё саммити худро, ки мебоист дар семоҳаи охири соли равон баргузор мегардид, ба таъхир гузоштанд.
Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон имсол бояд дар Бишкеки Қирғизистон баргузор мегардид, аммо бо иқдоми ин кишвар ба вақти номуайян мавҷуф гузошта шуд. Дар робита ба ин Вазораи умури хориҷаи ин кишвар хабар кардааст. Аммо кишвари Қирғизистон шарҳ надодааст, ки ба чи далел ин саммитро ба қофо гузошт.
Ин шашумин саммити икшварҳои туркзабон буд, ки интизор мерафт, мизбонаш Қирғизистон мешуд. Гуфта мешавад Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон як созмони байналхалқӣ ба шумор меравад ва дар он Ӯзбакистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Туркия шомил ҳастанд. Ин созмон 3 юми октябри соли 2009 дар Нахичиван таъсис ёфтааст ва дафтари котиботи он дар шаҳри Истамбули Туркия ҷой дорад.
Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабони дунё ҳадаф дорад, ки ҳамкориҳои мамолики узви онро аз нигоҳи иқтисодиву фарҳангӣ густариш диҳад ва ба ҳамоиши мардуми туркзабон мусоидат созад.