Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Хиёбони Ислом дар Маскав

$
0
0

Аммо ин ба дини мубини Ислом ҳеҷ алоқамандие надорад. Мақомдорони шаҳри Маскав тасмим гирифтаанд, ки хиёбонеро ба номи Ислом Каримов гузоранд, ки вай президенти нахустини Ӯзбакистон ва яке аз дарозумртарин раисҷумҳурҳои минтақа, ки зимоми ин кишварро тайи 29 соли охир дар сарпанҷаи худ нигаҳ дошта, бо сиёсати яккатози худ дар ҷаҳон машҳур гашта буд ва билохира аввали сентябри соли  равон бо бемории хунрезӣ дар мағз аз олам гузашта буд.

Гуфта мешавад, ки ин пешниҳод аз ҷониби аҳли илму фарҳанги Руссия ва Ӯзбекистон ба унвони шаҳрдорӣ расидааст ва раҳбарони Маскав ин пешниҳодро ба хушӣ пазируфтаанд. Акнун интизор меравад, ки хиёбоне дар ноҳияи Якиманкаи Маскав ба номи Ислом Каримови марҳум гузошта шавад. Ин хиёбон дар қарибиҳои консулгарии Ӯзбекистон ва меҳмонсарои он ҷойгир аст ва дар байни хонаҳои 39 дар кӯчаи Болшая Полянка ва 13 и пасткӯчаи Казач воқеъ гаштааст.

Таъкид шудааст, ки пешниҳоди номгузории хотиравӣ ба шарафи Ислом Каримовро Комиссияи байниидоравии шаҳри Маскав доир ба номгузории ҳудудҳои қаламрав ҷонибдор шудааст, ки раҳбарии онро ҷониши мири Маскав Леонид Печатников бар ӯҳда дорад. Хабаргузориҳо гуфтаанд, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи навбатии ҳукумати шаҳри Маскав 1 уми ноябри соли равон баррасӣ хоҳад шуд.

Дар портали расмии мири шаҳри Маскав, ки аз ин рӯйдод хабар дода мешавад, гуфта нашудааст, ки чаро Ислом Каримов боиси маҳбубияти хоси мақомдорони Маскав қарор гирифтааст. Аммо дар он таъкид гардидааст, ки дар пойтахти Руссия номгузории кӯчаву хиёбонҳо ба номи ашхоси таърихӣ ва намояндагони фарҳангу адаб, сиёсатмадорони моҳир расм гаштааст.

Дар ин авохир як хиёбоне дар қарибиҳои сафорати Мексика ба номи Мигел Идалго гузошта шуд, ки вай яке аз муборизони роҳи озодӣ дар ин кишвар ба шумор мерафтааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>