Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

НБО Роғун ба номи Эмомалӣ Раҳмон?

$
0
0

Ҳикматулло Насриддинов, арбоби сиёсии кишвар дар авохири солҳои ҳаштодуми асри гузашта, ки қаблан ҳам бо пешниҳодҳои маддоҳонааш машҳур шуда буд, пешниҳод кардааст НБО Роғун ба номи Эмомалӣ Раҳмон гузошта шавад.

Ӯ гуфтааст дар “«дар шароити таназзули иқтисоди кишвар ва буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ, ҳама гуна арбоби давлатӣ дар эҳё ва барқарор кардани сохтмони ин хел иншооти бузурги гидроэнергетикии натанҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақа ба шакку шубҳа роҳ медод».

Қаблан Насриддинов пешниҳод карда буд Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури якумрӣ баргузида шавад ва ҳайкали ӯ дар маркази душанбе гузошта шавад. Ҳамчунин ӯ пешниҳод дошт Раҳмон ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ шавад.

«Имрӯз баъди оғози бунёди сарбанди нерӯгоҳи Роғун, ки Эмомалӣ Раҳмон худаш муддати зиёда аз 1 соат савори булдозер шахсан дар кори иваз кардани маҷрои дарёи Вахш саҳм гузошт, дигар дар ҳеҷ касе шубҳае намонд, ки нерӯгоҳи Роғун сохта мешавад ва Тоҷикистон ба он қодир аст» — гуфтааст собиқ сиёсатмадор.

Насриддинов барои пешниҳодҳояш то имрӯз ягон мансаб ё хона гирифтааст ё на, маълумоте дастрас нашудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>