Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон бо Патрисия Виверс Картер, раҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон масъалаҳои таъмири нерӯгоҳи обӣ-барқии Норак ва вазъи молии ширкати “Барқи Тоҷик”-ро баррасӣ кардааст.
Ҳанӯз ҷузъиёти ин сӯҳбат маълум нест, аммо қаблан мақомоти Тоҷикистон иддао карда буданд, ки дар сурати таъмири нерӯгоҳи Норак, умри он сад соли дигар дароз хоҳад шуд. Барои таъмири ин нерӯгоҳ ҳудуди 600 миллион доллар зарур будааст, ки мақомоти кишвар қаблан аз Бонки Осиёи Рушд, Бонки исломии Рушд ва Бонки ҷаҳонӣ дархости сармоягузорӣ карда буданд.
Масъалаи қарзҳои ширкати “Барқи Тоҷик” ҳам ба мушкили бузург табдил ёфтаанд. Алъон ин ширкат қариб 13 миллиард сомонӣ қарздор буда, соли гузашта қариб се миллиард ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ як миллиарду 160 миллион сомонӣ зарар дидааст.
Аммо коршиносон бо далели махфӣ будани ҳисобгузориҳо дар ин ширкат, ҳаққонияти зарарҳои бузурги ин ширкатро зери суол мебаранд.