Дар шаҳри Тарази Қазоқистон 4 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳангоми сафар аз Руссия ба Тоҷикистон бо се мошини боркашони тамғаи ЗИЛ-4331 осмонгранг, ЗИЛ-5301А0 хокистарранг ва ЗИЛ бычок-131 рангаш сабз, ки ҳаммаи мошинҳо пури бор будаанд, шаш нафар шахсони номаълум, ки ду нафари онҳо бо либоси низомӣ будаст, онҳоро боздошт намуда аз шаҳр берун мебаранд ва худашон ва мошинашонро мавриди кофтукоб қарор дода аз дохили мошин телефонҳои ҳушманд ва 255 ҳазор рубли русии онҳоро бо худ гирифта мебаранд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон баъди ин ҳодиса аз як телефони ҳамроҳ, ки дур аз назари рабояндагон монда буд, ёфта ба рақами 102 занг мезананд. Пулиси шаҳр ва гуруҳи фаврӣ оперативӣ ба ҷои ҳодиса меояд ва худи шаҳрвандони Тоҷикистонро аз ҷои ҳодиса боздошт намуда ба идораи пулиси шаҳри Тараз мебаранд.
Пулиси шаҳри Тараз парванда боз намуда ин чор шаҳрванди Тоҷикистонро мавриди пурсуҷу қарор медиҳад. Баъди пурсуҷуи шаҳрвандони Тоҷикистон пулиси шаҳри Тараз аснои ҷустуҷуи ҷинояткорон 3 нафарро боздошт мекунанд ва онҳо аз тарафи ҷабрдидагон шинохта мешаванд. Маълум мешавад, ки ду нафари ҷинояткорон корманди пулиси ҳамин шаҳр будаанд.
Баъди маълум шудани он ки дар байни роҳзанон кормандони пулис ҳам ҳастанд, маъмурияти пулиси шаҳри Тараз аз идома додани тафтишот худдорӣ мекунанд.
Шаҳрвандони ба дасти роҳзанони қазоқ афтодаи тоҷик Шермуҳаммади Самад соли таваллудаш 06.08.1964, Ҷамилов Баҳром Халилович соли таваллудаш 20.06.1978, Пиров Лашкархон Каримович соли таваллудаш 11.06.1986, истиқоматкунандагони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Каримов Абдурашид Олимович соли таваллудаш 17.04.1981 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ба Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон занг зада кумаки ҳуқуқӣ мепурсанд. Аммо масъулини Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри АлмаАто ба онҳо посух дода мегуяд, ки Шумо бояд расман ба Алмаато омада расман муроҷиат кунед. Дар сурати набудани аризаи расмӣ мо ба шумо ҳеҷ кумак карда наметавонем.
Консули Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон, ки худро Саттор Холмуродов муаррифӣ кард дар ҷавоб ба хабарнигори Паём.нет дар ҳақиқат тасдиқ кард, ки ба онҳо дар ин бора шаҳрвандони Тоҷикистон занг задаанд.
Аммо у гуфт барои дар ҷараёни ҳодиса шудани консулгарӣ аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон шикоят ё аризаи расмӣ лозим аст. Баъдан онҳо метавонанд ба мақомотҳои расмӣ муроҷиат намуда аз паи ҳалли қазия шаванд.
Ҷаноби Холмуродов гуфт: “Ба ҳар ҳол мо бо мақомоти пулиси шаҳри Тараз телефонӣ суҳбат кардем, вале то ба ҳол ҷавоби расмии онҳо ба мо наомадааст. То ба ҳол маълум нест, ки роҳзанон пулу моли онҳоро рабудааст ё каси дигар.”
Дар ғурбат афтодагони тоҷик мегӯянд, дар як ҳолати вахим ҳастанд. Аз Тоҷикистон барои онҳо пайвандонашон маблағ роҳӣ кардаанд, вале он маблағ ҳам тамом шуда гуруснаву ташна тули чанд рӯз аст дар як хонае, ки пулиси шаҳри Тараз дар он ҷо онҳоро маскан додааст қарор доранд.
Ҷузъиёти бештар нашр мешавад.