Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Боздошти ду тоҷик. Якеро ба мақомоти Тоҷикистон доданд, дигареро намонданд Русияро тарк кунад

$
0
0

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба қаллобӣ мутаҳҳам гаштаву дар Русия пинҳон шуда будааст дар Ростови лаби Дон боздошт шуда, ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
Расонаҳои русӣ аз ин шаҳрванд ном набурдаанд. Танҳо ҳарфи аввали насаби ӯ оварда шудааст, ки У навиштаанд. Ин шаҳрванд аз тарафи мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳоми “қаллобӣ дар ҳаҷми бузург” дар пайгард қарор доштааст.
Шаҳрванди дигар, ки аз ӯ ҳам ном бурда намешавад, тибқи қарори додгоҳ бояд ба зане, ки ӯро дар шаҳри Миаси вилояти Челябинск бо мошинаш задааст, 180 ҳазор рубл пардохт мекардааст. Аммо ӯ баъди қарори суд ғайб мезанад ва танҳо ҳангоми хурӯҷаш аз Русия ба қасди Тоҷикистон боздошт шудааст. Ӯро аз сафар боз дошта, гуфтаанд, ки танҳо баъди пардохти маблағи муайякардаи додгоҳ метавонад тарки Русия кунад.
Тибқи иттилои расонаҳо, ин шаҳрванд давоми як ҳафта 180 ҳазори муаянкардаи додгоҳро ҳамроҳ бо 13 ҳазори дигар ҷаримааш ба хазинаи давлати Русия пардохта, сафарашро идома додааст.  Боздошти ду тоҷик. Якеро ба мақомоти Тоҷикистон доданд, дигареро намонданд Русияро тарк кунад
Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба қаллобӣ мутаҳҳам гаштаву дар Русия пинҳон шуда будааст дар Ростови лаби Дон боздошт шуда, ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
Расонаҳои русӣ аз ин шаҳрванд ном набурдаанд. Танҳо ҳарфи аввали насаби ӯ оварда шудааст, ки У навиштаанд. Ин шаҳрванд аз тарафи мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳоми “қаллобӣ дар ҳаҷми бузург” дар пайгард қарор доштааст.
Шаҳрванди дигар, ки аз ӯ ҳам ном бурда намешавад, тибқи қарори додгоҳ бояд ба зане, ки ӯро дар шаҳри Миаси вилояти Челябинск бо мошинаш задааст, 180 ҳазор рубл пардохт мекардааст. Аммо ӯ баъди қарори суд ғайб мезанад ва танҳо ҳангоми хурӯҷаш аз Русия ба қасди Тоҷикистон боздошт шудааст. Ӯро аз сафар боз дошта, гуфтаанд, ки танҳо баъди пардохти маблағи муайякардаи додгоҳ метавонад тарки Русия кунад.
Тибқи иттилои расонаҳо, ин шаҳрванд давоми як ҳафта 180 ҳазори муаянкардаи додгоҳро ҳамроҳ бо 13 ҳазори дигар ҷаримааш ба хазинаи давлати Русия пардохта, сафарашро идома додааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>