Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар парлумон аз тракторронии Эмомалӣ Раҳмон таъриф карда гуфт, ки ҳаракоти ӯ зимни тракторронӣ бисёр самимона буданд.
Зимни баррасии қонун “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат”, ки яке аз бандҳояш “асосгузори Тоҷикистони мустақил” эълон кардани Эмомалӣ Раҳмон аст, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро “асосгузори Роғун” хонд ва гуфт, ки ӯ бо истодагарӣ ва дурандешиаш бунёди Роғунро оғоз кард.
Убайдулллоев аз шинохташ аз Эмомалӣ Раҳмони қабл аз иҷлоси 16-уми таърихии Шӯрои Олӣ низ хабар дод ва гуфт, ки ҳамон замон дар ӯ хислати пешвогӣ дида мешуд.
Ба назар мерасад ба унвонҳои беохири раисҷумҳури Тоҷикистон на як, балки дутои дигар ҳамроҳ хоҳанд шуд: “Асосгузори Тоҷикитсони мустақил” ва “Асосгузори Роғун”. Ва минбаъд вақте дар расонаҳои давлатӣ дар бораи раисҷумҳури Тоҷикистон сухан рафт, чунин оғоз хоҳад шуд:
“Асосгузори сулҳу ваҳдат — Пешвои миллат, Асосгузори Тоҷикистони мустақил, Асосгузори Роғун, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ, раисҷумҳури Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз…”