Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба тарзи бесобиқа дар баргардонидани наҳзатиҳо ба Тоҷикистон фаъол шудааст.
Кормандони ин кумита ба наздикони наҳзатиҳо бо ҳар роҳе муроҷиъат мекунанд то наздикони наҳзатиашонро ба кишвар баргардонанд. Ба баъзеҳо фишор меоранд, баъзеҳоро насиҳат мекунанд, қисмеро боздошту таҳдид ва қисми дигарро зиёфат меороянд. Шеваи муносибат бо наҳзатиҳо хоси замон ё маконе нест. Ҳамон шӯъбае, ки ҳафтаи гузашта наздикони наҳзатиеро боздошту таҳқир карда буд, имрӯз метавонад барои онҳо зиёфат орояд.
Аз хабарҳое, ки мо дарёфт кардаем, ҳамаи намудҳои муносибат дида мешавад. Ба назар мерасад муносибат бо наздикони наҳзатиҳо аз як марказ контрол нашуда, танҳо супориш додаанд, ки бо ҳар роҳе онҳоро мутмаъин созанд то ба ватан баргарданд.
Дар ҳамин ҳол ин иттило ҳам ба мо расидааст, ки чанд нафари баргаштаро дар фурӯдгоҳ пешвоз гирифта, шиносномаҳои хориҷиашонро гирифтаанд.
Ба назар мерасад фаъолияти густардаи ҲНИТ дар хориҷ ҳукуматро нигарон кардааст ва бо даъвати наҳзатиҳо ба кишвар мехоҳанд аз шиддати фаъолият ва муборизаи наҳзатиҳо бикоҳонанд.
Онҳое, ки дар чанд рӯзи охир бо даъвати мақомот ба кишвар баргаштаанд, аз фишор ё боздошту бозпурсӣ шикоят накардаанд, аммо фардо, ҳафтаи оянда, моҳ ё чанд моҳе пас муносибати мақомот бо онҳо, дар ҳоле, ки шиносномаҳояшонро гирифтаанд, чӣ гуна хоҳад буд, имкони ягон пешгӯӣ надорад. Чун мо шоҳиди тағқиёбии муносибати мақомоти кишвар на танҳо дар ҳафтаву моҳ, ҳатто дар як соат ҳам шудаем.