Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Сафорату консулгарӣ 4 шаҳрванди ғоратшудаи тоҷикро ба ҳоли худ гузоштаанд

$
0
0

Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Тарази вилояти Ҷамбули Қазоқистон ғорат шуда буданду қаблан мо дар ин бора хабар дода будем, зери боздошти хонагӣ ба сар мебаранд ва сафорату консулгарии Тоҷикистон ба зангҳои онҳо посух намегӯянд.

Ин чаҳор нафар Нурмуҳаммади Самад соли таваллудаш 06.08.1964, Ҷамилов Баҳром Халилович соли таваллудаш 20.06.1978, Пиров Лашкархон Каримович соли таваллудаш 11.06.1986, истиқоматкунандагони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ  ва  Каримов Абдурашид Олимович соли таваллудаш 17.04.1981 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошанд.

Чуноне, ки аз ҳалномаи пулиси Қазоқистон бармеояд, ин чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон барои таъмини амнияташон зери назорати пулис ва дар ҷои махсус аз ҳисоби давлати Қазоқистон маскан дода шудаанд. Худи онҳо мегӯянд муносибати пулиси қазоқ бо онҳо хуб аст, аммо мақомоти намояндагии Тоҷикистон онҳоро аслан шунидан намехоҳанд.

Онҳо мегӯянд дар консулгарии Тоҷикистон аслан касе ба зангҳояшон посух намегӯяд, аммо дар сафорат гӯширо мебардоранду ба онҳо дод мезананд, ки

“чаро ин қадар занг мезанед, мо ғайри шумо дигар проблема надорем?”

Пулиси Қазоқистон ҳам чанд бор ба онҳо ваъда кардааст, ки ба зудӣ мурофиъаи додгоҳӣ баргузор хоҳад шуд, аммо то ҳол бо ҷинояткорон рӯбарӯкунӣ сурат нагирифтааст.

Паём.нет минбаъд ҳам ин қазияро пайгирӣ намуда, хонандагонро огоҳ хоҳад сохт.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>