Мақомоти Русия солҳои охир муҳоҷирони корӣ, бахусус тоҷиконро на танҳо ба ҷиноятҳо, балки ба паҳкунии касалиҳои гуногун муттаҳам мекунанд. Аммо оморе, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва худи оморҳои русӣ нашр кардаанд, гувоҳӣ медиҳанд, ки худи русҳо бештар аз ҳама беморанд.
Тибқи омори нашрнамудаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, байни 10 кишвари Иттиҳоди давлатҳои мустақил тоҷикон камтарин мизони бемории силро доштаанд, ки ба ҳар 100000 нафар ҳамагӣ 17.1 нафар рост омада, аз русҳо 3,5 баробар камтар (59,5 нафар аз ҳар 100000) ба ин беморӣ гирифтор мешудаанд. Дар ин навъи беморӣ укроиниҳо пешсаф буда аз ҳар 100000 нафар 68 нафар гирифтори он будаанд. Нишондаҳандаи кишварҳои дигар Озарбойҷон 22,4 нафар, Арманистон 24,7 нафар, Белорус 40,2 нафар, Қазоқистон 44,6 нафар, Қирғизистон 57,4 нафар, Молдова 24,7 нафар Ӯзбакистон 31,8 нафар аз ҳар 100000 нафарро ташкил додаанд.
Дар бемориҳои ҷинсӣ нишондиҳандаи Тоҷикистон аз Армения, Қазоқистон ва Ӯзбакистон бештар, аммо аз дигар давлатҳои ИМА камтар ва аз русҳо 4 баробар камтар аст. Ба ин навъи беморӣ тоҷикон 12,3, русҳо 51,2, озариҳо 22,5, арманиҳо 10, белорусҳо 42,5, қазоқҳо 11,3, қирғизҳо 24,5, молдовагиҳо 44, ӯзбакҳо 4,1 ва укроиниҳо 47 нафар аз ҳар 100000 нафар гирифтор шудаанд.
Бемории гепатит ҳам байни тоҷикон танҳо аз ӯзбакҳо бештар буда, аз русҳо 2,2 баробар камтар будааст. Аз ҳар 100000 шаҳванди Тоҷикистон 82, Русия 183, Озарбойҷон 109, Арманистон 112, Белорус 114, Қазоқистон 186, Қирғизистон 124, Молдова 102, Ӯзбакистон 71 ва Украина 130 нафар гирифтори гепатит будаанд.
Тибқи ҳисоби кумитаи омори Русия бошад, русҳо назар ба муҳоҷирони ин кишвар 2,3 маротиба бештар ба бемории сил, 30 маротиба бештар ба гепатит ва 70 маротиба бештар ба бемориҳои ҷинсӣ гирифтор мешудаанд.