Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Қатъи содироти нафти Арабистон ба Миср

$
0
0

Ширкати давлатии фурӯши нафти Арабистони Саъудӣ — Saudi Arabian Oil Co. (Saudi Aramco) содироти маҳсулоти нафтӣ ба Мисрро то замони номуайян қатъ кардааст.
Вазири нафти Миср Ториқ ал Мулло ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки “онҳо сабабашро нагуфтанд. Танҳо моро дар ҷараён гузоштанд, ки содиротро то замони номуайян қатъ мекунанд.”
Saudi Aramco ҳанӯз дар оғози моҳи октябр фурӯши нафт ба Egyptian General Petroleum Corp.-ро қатъ карда буд, вале тарафи мисрӣ ба ин назар буд, ки созишнома ҳанӯз ҳукми қонунӣ дорад. Риёз расман сабаби қатъи фурӯши нафтро шарҳ надодааст, вале муносиботи Арабистони Саъудиву Миср дар натиҷаи бӯҳрони Миср бад шуданд. Дар натиҷа Миср маҷбур шудааст нафтро бо нархи гаронтар аз бозор бихарад.
Дар ҳамин ҳол Ал-Мулло як сафари ғайриинтизор ба Эрон, ки рақиби деринаи Миср ҳисобида мешавад, анҷом додааст, хабар медиҳад ВВС. Бо иттилои манобеъи ин хабаргузорӣ, ҳини ин сафараш вазири нафти Миср ният дорад оиди содироти нафт ва маҳсулоти нафтии Эрон ба Миср бо мақомоти ин кишвар гуфтугӯ кунад.
Созишномаи байни Арабистони Саъудиву Миср содироти моҳона 700 ҳазор тон маҳсулоти нафтиро барои 5 сол дар назар гирифта буд. Арзиши ин созишнома 23 миллиард доллар рақам зада мешуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>